ОЗМУН БАХШИДА БА ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дирӯз ба истиқболи ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иди касбии “Роҳи оҳанчиён” дар толори Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» дар вилояти Суғд озмуни “Гулдухтарони оҳансиришт” бахшида ба Рӯзи Истиқлоли давлатӣ байни занҳои ин коргоҳ гузаронида шуд.
Дар озмун Нигина Вафозода - раиси кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиён, Аббосова М.Ҳ - роҳбари дастгоҳи раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд, Обидов Убайдулло - ёвари сардори Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» дар минтақаи Суғд, Толиби Озарахш - шоири халқии Тоҷикистон иштирок ва баромад намуданд. Ҳамчунин шоир ва сароянда аз Ҷумҳурии Эрон Маҷид Обеси иштирок ва ҳунарнамоӣ карданд.
Дар озмун 7 гурӯҳ аз корхонаҳои зертоъбеи минтақаи Суғдии роҳи оҳани Тоҷикистон аз рӯи 4 намуд саломнома, қироати шеър дар васфи Ватан, рақс ва саволу ҷавобҳо аз чистону зарбулмасалҳо ҳунарнамоӣ намуданд.
Дар натиҷа ҷои аввал насиби гуруҳи “Гулдухтарони “КДФ” Фосилоти мухобирот ва алоқа” бо диплом ва маблағи 1500 сомонӣ, ҷои дуюм насиби гултухтарони гуруҳи “Бобуна” кўдакистони 28, бо диплом ва маблағи 1300 сомонӣ ва ҷои сеюм насиби гулдухтарони “Зебосанам” КФД “Истгоҳи Хуҷанд” бо диплом ва маблағи 1000 сомонӣ мукофотонида шуданд. Иштирокчиёни дигар гуруҳҳо бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Тоҷикӣ
Русский
English 

