
ОҒОЗИ МАВСИМИ ИСТИРОҲАТИ КӮДАКОНУ НАВРАСОН ДАР ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ
Раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят Шарифулло Абдуллозода аз ҷараёни омодагӣ ва оғози мавсими истироҳати кӯдакон ва наврасон дар шаҳри Панҷакент дидан намуд.
Тавре раиси кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф Холиқзода Бахтиёр иттилоъ дод соли равон дар шаҳри Панҷакент як истироҳатгоҳи беруназшаҳрии “Чиларча” ва 122 истироҳатгоҳҳои наздимактабӣ фаъолият намуда, назардошт гаштааст, ки зиёда аз 15000 нафар кӯдакону наврасони муассисаҳои таълимии шаҳр ба намудҳои гуногуни истироҳати тобистона фаро гирифта мешавад.
Раиси Шӯро ба масъулони соҳа оид ба дар сатҳи зарурӣ омода ва баргузор намудани мавсими истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дастуру супоришҳо дод.
Инчунин, раиси Шӯро аз ҷараёни омодагӣ ва қабули истироҳаткунандагон дар истироҳатгоҳи “Чиларча” дидан намуда, барои бо нишондиҳандаи хуб ҷамъбаст намудани мавсими истироҳати имсола андешаҳои худро иброз намуд.