Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Душанбе, 10 авг. 2026
НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҲКИМИ  ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

 Дар таърихи навини Тоҷикистон рӯзи 27-уми июн ҳамчун яке аз муқаддастарин ва сарнавиштсозтарин санаҳои миллӣ ҷойгоҳи хос дорад. Ҳамасола ин рӯз ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо эҳтирому ифтихори бузург таҷлил мегардад.

Ин сана рамзи пирӯзии хираду таҳаммул бар низоъ, ғалабаи сулҳу оштӣ бар ҷангу парокандагӣ ва оғози марҳилаи нави давлатсозиву эҳёи миллӣ мебошад. Ваҳдати миллӣ барои мардуми Тоҷикистон на танҳо як санаи таърихӣ, балки арзиши муқаддаси сиёсиву маънавӣ ва кафили суботу пешрафти давлат аст.

Расидан ба ин неъмати бузург ба осонӣ муяссар нагардид. Ваҳдати миллӣ самараи талошҳои шабонарӯзӣ, иродаи қавӣ ва сиёсати дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Дар рӯзҳои бисёр ҳассосу тақдирсози таърихи кишвар, вақте ки хатари аз байн рафтани давлатдорӣ воқеӣ буд, Пешвои миллат бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулияти таърихӣ роҳи сулҳу мусолиҳаро пеш гирифтанд. Бо ташаббус ва заҳматҳои пайгиронаи эшон музокироти сулҳ ба роҳ монда шуда, ҷонибҳои мухолиф ба ҳам оварда шуданд ва барои барқарории сулҳу субот заминаи устувор гузошта гардид.

Ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ 27 июни соли 1997 нуқтаи гардиши таърихи давлатдории тоҷикон гардид. Ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз на танҳо ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшид, балки барои таҳкими истиқлолияти давлатӣ, эҳёи сохторҳои давлатӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва ташаккули ҷомеаи мутамаддину ҳуқуқбунёд заминаи боэътимод фароҳам овард.

Имрӯз бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки ҳамаи дастовардҳои бузурги Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳз дар фазои сулҳу ваҳдат ба даст омадаанд. Давлат дар ин муддат ба пешрафтҳои назаррас дар соҳаҳои иқтисодиёт, энергетика, нақлиёт, саноат, кишоварзӣ, маориф, илм, фарҳанг, тандурустӣ ва варзиш ноил гардида, сатҳу сифати зиндагии мардум мунтазам беҳтар шудааст. Амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегии миллӣ ва баланд гардидани нуфузи байналмилалии Тоҷикистон низ маҳсули фазои сулҳу суботи сиёсӣ мебошад.

Ваҳдати миллӣ дар баробари таъмини амният ва оромӣ, барои таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ, эҳёи арзишҳои таърихиву фарҳангӣ, ҳифзи забони давлатӣ ва таҳкими эҳсоси ватандӯстии шаҳрвандон нақши ҳалкунанда бозидааст. Маҳз дар фазои ваҳдат мардуми Тоҷикистон тавонистанд бо ҳамбастагӣ баҳри ободии Ватан, рушди ҷомеа ва таъмини зиндагии шоистаи мардум саъю кӯшиш намоянд.

Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ ду арзиши ҷудонашавандаи давлатдории навини тоҷикон мебошанд. Агар истиқлолият ба миллат ҳуқуқи мустақилона муайян намудани роҳи рушди худро дода бошад, пас ваҳдати миллӣ кафили ҳифз, таҳким ва пойдории ҳамин истиқлол мебошад. Бе ваҳдат истиқлол устувор буда наметавонад ва бе истиқлол арзишҳои ваҳдат маънои воқеии худро аз даст медиҳанд.

Имрӯз вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ҳифз ва таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ мебошад. Ин масъулият танҳо бар дӯши давлат нест, балки рисолати шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа аст. Эҳтироми ҳамдигар, таҳаммулпазирӣ, дӯстиву бародарӣ, масъулияти ватандорӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ бояд ба меъёри зиндагии ҳар яки мо табдил ёбад.

Бо шарофати сиёсати сулҳҷӯёнаи давлат ва ваҳдати миллӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ҳамчун давлати соҳибистиқлол, сулҳпарвар ва ташаббускор дар арсаи байналмилалӣ эътироф гардидааст. Пешниҳодҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар масъалаҳои об, иқлим ва рушди устувор далели равшани болоравии обрӯву нуфузи байналмилалии кишвари азизи мост.

Ваҳдати миллӣ бузургтарин дастоварди таърихии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва яке аз муқаддастарин арзишҳои давлатдории миллӣ мебошад. То он замоне, ки сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ ва ягонагӣ дар ҷомеаи мо ҳукмфармо бошад, Тоҷикистони азиз роҳи рушди устувор, ободӣ ва пешрафти худро бо қадамҳои устувор идома хоҳад дод.

Аз ин фурсати муносиб истифода намуда, тамоми сокинони сарбаланди вилояти Суғд ва кулли мардуми шарифи Тоҷикистонро ба муносибати 29-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ самимона табрик мегӯям.

Орзумандам, ки дар фазои сулҳу оромӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва иттиҳоди миллӣ ҳамеша сарбаланду саодатманд бошед.

Бигзор ваҳдати миллӣ ҳамеша пойдор, истиқлолияти давлатӣ ҷовидон ва Тоҷикистони азизи мо рӯз аз рӯз ободу шукуфон гардад.

Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак бод!

Шарифулло АБДУЛЛОЗОДА

Раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд