
НАҚШИ ИҶЛОСИЯИ ТАЪРИХӢ ДАР ТАЪМИНИ СУЛҲУ СУБОТ
Баргузории Иҷлосияи ХVI дар Хуҷанд ниёзи ҷомеаи Тоҷикистон буд, ки мебоист барои бақои миллат ва давлатамон таҳкурсии боэътимод мегузошт.
Дар ҳамон вазъияти ниҳоят вазнин ва муташанниҷи мамлакат Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати 12-ум) аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 дар Кохи Арбоби хоҷагии ба номи Саидхўҷа Ўрунхўҷаеви ноҳияи Бобоҷон Fафурови вилояти Суғд доир гардид, ки сарнавишт ва роҳи ояндаи кишвари Тоҷикистонро муайян намуд.
Иҷлосияи сарнавиштсози миллат дар давоми кори худ 23 масъалаи мубрами рўзро дида баромад ва ҳаллу фасл намуд. Яке аз масъалаҳои муҳим интихоби Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки вакилон ба ин вазифа Эмомалӣ Раҳмонро пешниҳод ва интихоб намуданд. Аз рўзи аввали ба сари қудрат омадан он кас баҳри он кўшиданд, ки ҷумҳурии азияткашидаро аз бўҳрони шадиди сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ раҳо диҳанд. Вазифаҳои асосиро Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли чунин масъалаҳои доғи рўз медиданд:
- ташкили ҷараёни музокироти байни тоҷикон бо мақсади фурў нишондани оташи ҷанги гражданӣ;
- ба вуҷуд овардани фазои эътимод, якдигарфаҳмӣ ва заминаҳои оштии миллӣ дар ҷомеа;
- ташкили раванди бозгашти фирориёни иҷборӣ, чӣ аз хориҷи кишвар ва чӣ дар дохили кишвар;
- гузоштани пояҳои нави низоми давлатдорӣ; ислоҳот дар сиёсати молия ва қарзи кишвар;
- таъмини рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ ва илмиву фарҳангӣ.
Сардори нави давлат, Раиси ба тозагӣ интихобшудаи Шўрои Олии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон суханони фаромўшнашавандаи худро баён намуданд: «То он даме, ки дар хориҷи кишвар як нафар тоҷики гуреза боқӣ монад, ман ором буда наметавонам». Ин изҳороти таърихӣ ва сарнавиштсоз, ки Сардори давлат дар муроҷиат ба тамоми аҳли ҷумҳурӣ баён намуданд, роҳи беҳбудии ояндаи Тоҷикистон ва ваҳдати миллии тоҷикон буд.
Маҳз Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи наҷот ва эҳёшавии миллати тоҷикро интихоб кард, ки ба дурустии он ҳеҷ гоҳ шакку шубҳа нахоҳад буд. Фарзанди шуҷову шоистаи тоҷик, Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон бо такопўи пайгиронаи минбаъдаашон тавонистанд кишварро аз вартаи ҷангу бало берун кашанд, ғарибонро ба Ватанашон баргардонанд, ба халқ сулҳу салоҳ оварда, барои ояндаи шукуфони Тоҷикистон замина муҳайё намоянд.
Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи навини Тоҷикистон ҳамчун воқеаи бузурги сиёсӣ ва саҳифаи дурахшони он мақоми махсусро ишғол менамояд. Дар замони фоҷиабори мамлакат ва фалаҷ гардидани рукнҳои давлатдории он халқи Тоҷикистон ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ тавассути вакилони худ дар Иҷлосияи ХVI Шўрои Олӣ барои аз бўхрони амиқи сиёсӣ баровардани мамлакат, наҷот додани он аз фалокати миллӣ ва таҳкими пояҳои сиёсиву ҳуқуқии ҷомеа асос гузошт.
Ба шарофати роҳи муайяннамудаи Иҷлосияи ХVI Шўрои Олӣ халқи Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон таъмини озодӣ, ҳифзи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд, эъмори ҷомеаи навин, бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаро ҳадафи асосии худ қарор дод.
Ҳукумати навтаъсис воқеан роҳи оқилонаи ҳалли муноқишот ва хомўш кардани даргириҳоро дар манотиқи мухталифи кишвар ёфт. Яъне барномаи дар Иҷлосияи ХVI Шўрои Олӣ қабулшуда дар боби истиқрори сулҳу созгории миллӣ чун ваъдаи хушку холӣ намонд. Ҳанўз дар рўзҳои нахустини интихобшавиашон ба вазифаи Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мардуми Тоҷикистон, алалхусус гурўҳҳои силоҳбадаст даъват ба амал оварданд, ки кинаю адоватро як сў монда, ба гузашта салавот гуфта, ҳамдигарро бародарвор ба оғўш бикашанд, силоҳ ба замин гузошта ба меҳнати бунёдкорона машғул шаванд. Танҳо дар заминаи муттаҳидӣ метавон Тоҷикистони азизи худро ба давлати соҳибистиқлоли ғанию мутараққӣ табдил дод.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон баробари ба мақоми олии мамлакат нишастан, дар муроҷиат ба халқи шарифи Тоҷикистон аз 12 декабри соли 1992 ба нахустсавганди ёд намудаашон, ки мегуфтанд: «тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои шукуфоии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам...» устувор монданд. Ин маромро Ҷаноби Олӣ пайваста талош менамуданд ва дар ҳар як баромад такроран мегуфтанд: «То он даме, ки як нафар ҳаммиллату ҳамдиёри мо дар кишвари бегона заҳри ғарибиву беватаниро мечашад, кулли тоҷикистониён ба ҳеҷ ваҷҳ осуда нахоҳанд буд».
Иҷлосияи ХVI исбот намуд, ки дар Тоҷикистон қувваи тавоное мавҷуд аст, ки метавонад пеши роҳи ҳама гуна моҷароҷўро гирад ва миллатро аз нобудӣ раҳо бахшад. Чунин қувва намояндагони халқ дар Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиданд, ки онҳо тавонистанд дар такя ба халқ ва ҷунбиши мардуми саросари Тоҷикистон алайҳи ҷаҳолат роҳи халосиро аз бадбахтӣ дарёбанд. Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум дар ваъзияти бўҳрони шадид қудрат пайдо кард, ки зимоми давлатдориро ба даст гирад ва роҳбарияти нави мамлакатро интихоб намояд, ки пеши роҳи хатари нобудиро гирад.
Иҷлосияи сарнавиштсоз ба майдони сиёсат фарзанди шоиста ва фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмонро овард. Ҳукумати қонунӣ, ки дар ин Иҷлосия ба сари қудрат омад, тавонист таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон хамчун Раиси Шўрои Олӣ ва Сарвари давлат дар як муддати кўтоҳ оташи ҷанги гражданиро хомўш намуда, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барқарор созад, артиши миллӣ ва нерўҳои посбонии сарҳадро таъсис диҳад, аксарияти мутлақи гурезаҳо ва муҳоҷиронро ба Ватан баргардонад.
Иҷлосияи ХVI Шўрои Олӣ дар раванди қонунгузорӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон як саҳифаи навро боз кард. Таърих гувоҳ аст, ки давлате, ки механизмҳои қонунгузории он мураттаб нест ё мунтазам кор намекунад, он давлати пойдор нест. Маҳз Иҷлосияи сарнавиштсоз ба фаъолияти қонунгузории давраи нави диёрамон - Тоҷикистони соҳибистиқлол ибтидо гузошт. Ҳамин Иҷлосия Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ намуд ва як қатор Қонуну қарорҳои таърихӣ қабул кард, ки онҳо асоси ба даст овардани ризоияти миллӣ ва ба ҳам омадани қувваҳои солими ҷомеа гардиданд.
Ҳамин тавр Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати 12-ум) дар тақвияти пояҳои давлатсозии навини тоҷикон нақши бориз гузошта, дар саҳифаҳои таърихи навини тоҷик ва тоҷикистониён ҳамчун Иҷлосияи наҷотбахш ва тақдирсози миллат сабт гардид.
Шарифулло Абдуллозода,
раиси Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд