
МУРОҶИАТНОМА Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ба муносибати Рўзи байналмилалии якдилии меҳнаткашон - 1 май
Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзҳои ид» 1 май - Рўзи байналмилалии якдилии меҳнаткашон муқаррар карда шудааст.
Бо қаноатмандӣ иброз мегардад, ки фароҳам овардани фазои муносиб барои меҳнати арзанда, бехатарии меҳнат, таъсиси ташкилоту корхонаҳо, ба ин васила таъсис додани ҷойҳои нави кории доимӣ ва мавсимӣ, коҳиш додани шуѓли ѓайрирасмӣ ва ҳифзи иҷтимоии кормандону аъзои оилаи онҳо дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад ва ин тадбирҳо боиси руҳбаландии аҳли заҳмат арзёбӣ мегардад.
Дар мамлакати мо 1-Май дар як фазои мусоиди сиёсию ҷамъиятӣ, ваҳдату якдигарфаҳмӣ, созандагию бунёдкорӣ ҷашн гирифта мешавад.
Яке аз масъалаҳои муҳими воқеии инсоният имрўз бо ҷои кори арзанда таъмин будан мебошад.
Аз ин лиҳоз, иттифоқҳои касабаро зарур аст, ки дар доираи салоҳияти оинномавии худ назорати ҷамъиятиро баҳри бартараф намудани камбудиҳо ва таъмини шароити хуби меҳнат дар ташкилоту корхонаҳо ба роҳ монанд.
Имсол 1-Май дар арафаи ҷашни 80-солагии Ѓалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ – 9 Май таҷлил карда мешавад.
Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистонро мебояд ҷашни Ѓалабаро дар сатҳи баланд пешвоз гирифта, қаҳрамонӣ, мардонагӣ ва меҳнати фидокоронаи иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватаниро қадрдонӣ намуда, ҷиҳати тарбияи насли имрўза ва оянда дар фазои сулҳу дўстӣ ва ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошанд.
Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон роҳбарони ташкилотҳои иттифоқи касаба ва корфармоёни ҷумҳуриро даъват менамояд, ки дар баробари фаъолияти пурсамари мақомотҳои ваколатдори давлатӣ дар бахши муносибатҳои меҳнатӣ ҳамчун ҳомии ҳуқуқу манфиатҳои аҳли заҳмат рисолати азалии хешро иҷро намуда, рўзи 1 майро, ҳамчун рўзи якдилии умумиҷаҳонии меҳнаткашон тариқи гузаронидани чорабиниҳои оммавӣ-фарҳангӣ бо шукуҳу шаҳомати хоса истиқбол гиранд.
Федератсияи иттифоқҳои касабаи
мустақили Тоҷикистон