Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Душанбе, 19 мая. 2025
МУРОҶИАТНОМА

МУРОҶИАТНОМА

МУРОҶИАТНОМАИ

Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ба

ташкилотҳои иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ  ба муносибати

28 апрел - Рўзи Умумиҷаҳонии ҳифзи меҳнат

Бо ташаббуси Ташкилоти байналмилалии меҳнат ҳамасола 28-апрел ҳамчун Рўзи умумиҷаҳонии ҳифзи меҳнат таҷлил карда мешавад.

       Моддаи 35 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд, ки ҳар кас ба меҳнат, интихоби касбу кор, ҳифзи меҳнат ва ҳимояи иҷтимоӣ ҳангоми бекорӣ ҳуқуқ дорад.

 Бояд иброз намуд, ки масъалаи бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат дар Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда мавқеъи хосаро доро мебошад.

       Тибқи муқаррароти Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Иттифоқҳои касаба” ва Оинномаи  Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон назорати ҷамъиятии ҳифз ва бехатарии меҳнат бар души иттифоқҳои касаба вогузор карда шудааст.

Созишномаи генералӣ барои солҳои 2024-2026 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоён мавриди амал қарор дошта, санади мазкур имкон фароҳам меорад, ки бисёр масъалаҳои меҳнатию иҷтимоии аҳли меҳнат тавассути ин санад танзими саривақтии худро ёбад.

  Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон, ки шарики боэътимоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, барои дар амал тадбиқ намудани ҳадафҳо ҳамкориро дар ҷодаи ҳифз ва бехатарии меҳнат тавассути муколамаи иҷтимоӣ ба роҳ монда истодааст. 

         Дар ин самт дар баробари доштани ҳуқуқ, уҳдадориҳо дар  бахши таъмини ҳифз ва бехатарии меҳнат вазифаи иттифоқҳои касаба маҳсуб меёбанд.    

   Боиси қаноатмандист, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тадбиқи сиёсати иҷтимоӣ, рушди муносибатҳои меҳнатӣ, ҳифз ва бехатарии меҳнат дар сатҳи ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ корҳои назаррасро  ба анҷом расонида истодааст.      

           Намояндагони иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон дар доираи чорабиниҳои Шўрои иттифоқҳои касабаи давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки дар соли 2024 раёсати онро Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ба ўҳда дошт, дар  озмуни минтақавии “Беҳтарин шартномаи коллективӣ” ва “Беҳтарин шарики иҷтимоӣ” дар  бахши  ҳифзи  меҳнат  ширкат  намуда,

Кумитаи иттифоқи касабаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди  «Ҷавонӣ» дар байни Иттифоқҳои касабаи давлатҳои Осиёи Марказӣ бо нишон додани малакаи хуби корӣ дар ҷодаи назорати ҷамъиятии ҳифз ва бехатарии меҳнат яке аз беҳтаринҳо пазируфта шуд.

           Федератсия ба ташкилотҳои    ҳамузв,   ташкилотҳои    ибтидоии   иттифоқҳои   касабаи  ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва вилоятӣ муроҷиат менамояд, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва корфармоён ҷиҳати беҳтар намудани шароити мусоиди меҳнат дар истеҳсолот, таъмини талаботҳои бехатарӣ дар ҳар як ҷойи корӣ дар доираи салоҳиятҳои оинномавии худ тадбир андешанд.

          Таҳлили фаъолият дар соли 2024 нишон дод, ки нозирони ҳифзи меҳнати иттифоқҳои касаба 15 ҳодисаи нохуши истеҳсолиро ба қайд гирифтанд, ки дар натиҷа 15 нафар кормандон ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд ва аз онҳо 8 нафарашон фавтиданд.

          Рух додани ҳодисаҳои нохуши истеҳсолӣ назар ба солҳои гузашта рў ба афзоиш дорад.

          Иттифоқҳои касабаро лозим аст, ки назорати ҷамъиятиро дар самти  ҳифзи меҳнат  дар доираи салоҳияти худ ҷиддӣ ба роҳ монанд.

Фаъолиятро ҷиҳати баланд бардоштани малакаи касбӣ, маърифати ҳуқуқии командон ва корфармоён, пешгирии ҷароҳати истеҳсолӣ ва касалиҳои касбӣ тақвият бахшанд.

Корҳои ташвиқотӣ-тарғиботӣ вобста ба ҳифз ва бехатарии меҳнат  тавассути воситаҳои ахбори омма, силсилабарномаҳои телевизионии муштарак таҳти унвони “Иттифоқҳои касаба ва ҷомеа”, сомонаҳои Федератсия ва ташкилотҳои ҳамузв, рўзномаҳои соҳавии “Ҳамраъйӣ”, “Иттифоқ”, “Кошонаи умед”, “Ҳомии омўзгор” мунтазам ба роҳ монда шаванд.

          Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон бори дигар диққати ташкилотҳои ҳамузв ва фаъолони иттифоқҳои касабаро ба масъалаҳои ҳифз ва бехатарии меҳнат ҷалб намуда, итминон дорад, ки қабули Муроҷиатномаи мазкур ба  шароити бехатар ва меҳнати арзанда дар коллективҳои меҳнатӣ мусоидат менамояд.

             

Федератсияи иттифоқҳои касабаи

мустақили Тоҷикистон