
МУЛОҚОТИ РАИСИ ФЕДЕРАТСИЯИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБАИ ВИЛОЯТИ СВЕРДЛОВСК БО МУОВИНИ РАИСИ ВИЛОЯТИ СУҒД
Муовини Раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода бо раиси Федератсияи Иттифоқҳои касабаи вилояти Свердловск - Ветлужских Андрей Леонидович, ки ба вилояти Суғд ташриф овард, мулоқот намуд.
Дар мулоқот муовини раиси вилоят оид ба ҳамкориҳои вилоят бо минтақаҳои гуногуни Федератсияи Русия, дастовардҳои иқтисодию иҷтимоии вилоят, рушди ҳунармандӣ ва имкониятҳои сайёҳии вилоят ибрози ақида намуда, оид ба ҳамкории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо Иттифоқҳои касабаи вилоят дар самти амалӣ намудани барномаҳои иҷтимоии Ҳукумати мамлакат гуфта гузашт.
Инчунин, дар вохӯрӣ оид ба ҳамкориҳои минбадаи вилояти Суғд бо вилояти Свердловск, алалхусус дар самти ҳифзи манфиатҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар вилояти Свердловск фаолият доранд ва оид ба ҳамкориҳо дар соҳаи сайёҳӣ ибрози ақида намуданд.
Андрей Леонидович аз истиқболи гарм изҳори хушнудӣ намуда, барои роҳандозӣ намудани ҳамкориҳои судманд дар соҳаҳои гуногун омодагии худро иброз намуд.