Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Якшанбе, 20 июл. 2025
МУЛОҚОТ ДАР КОНСУЛГАРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ЕКЕТЕРЕНБУРГ

МУЛОҚОТ ДАР КОНСУЛГАРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ЕКЕТЕРЕНБУРГ

Дар доираи сафар ҳайати меҳмонон аз Тоҷикистон, аз ҷумла намояндагони иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд, бо мақсади таҳкими робитаҳо ва гуфтугӯи созанда, дар Консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Екатеринбург ҳозир шуданд.

Онҳо бо Иҷрокунандаи вазифаи Консули Тоҷикистон дар Екатеринбург, Зафар Соҳибов, кормандони  консулгарӣ ва як гурӯҳи  ҳамватанони тоҷики муқими ин шаҳр дидори самимӣ анҷом доданд.

Мулоқотро иҷрокунандаи вазифаи Консули Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Екатеринбург,  Зафар Соҳибов, бо сухани ифтитоҳӣ оғоз бахшида, ҳозиринро бо фаъолияти густурдаи Консулгарӣ, дастовардҳои он ва нақшаву барномаҳои ояндаи ин ниҳоди муҳим муфассал ошно намуд. Сипас, Нӯъмонҷон Обидзода аз номи ҳайати меҳмонон ба ҳамаи ҳозирин Рӯзи Ваҳдати миллиро, ки рамзи иттиҳоду ҳамбастагии миллати тоҷик аст, табрику таҳният гуфта, сафари кормандони Иттифоқҳои касабаи вилояти Суғдро ба Екатеринбург як дастоварди муҳим ва фоли нек дар таҳкими робитаҳои байнидавлатӣ ва минтақавӣ арзёбӣ намуд.

Дар идомаи мулоқот, Алексей Киселёв, Муовини аввали Раиси Федератсияи Иттифоқҳои касабаи вилояти Свердловск, ҳозиринро самимона бо Рӯзи Ваҳдати миллии Тоҷикистон табрик намуда, оид ба нақшаҳои минбаъдаи ҳамкории дуҷонибаи иттифоқҳои касабаи ду вилоят мавқеъгирӣ ва пешниҳодҳои мушаххаси худро иброз доштанд. Ӯ таъкид намуд, ки дар амалӣ шудани ҳадафҳои созандаи мо, саҳми Консулгарӣ низ ниҳоят муҳим ва калидӣ мебошад ва изҳори умедворӣ кард, ки ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории судманд дар ин самт боз ҳам тақвият хоҳад ёфт.

Пас аз он,  Саидумрон Саидов, бо як маърӯзаи илмӣ-таҳлилии амиқ дар мавзӯи “Ваҳдати миллӣ ва фардои Тоҷикистон”, таваҷҷуҳи ҳозиринро ба таърихи пуршарафи Эҳёи давлатдории тоҷикон, хизматҳои бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди сулҳу истиқрори пойдор ва ҳамчунин нақши созандаи Федератсияи Русия дар ин раванд ҷалб намуд. Ӯ дар идомаи суханони худ, бар аҳамияти “Ваҳдати миллӣ ва адабиёт” таъкид карда, пешниҳодҳои мушаххас оид ба тавсеаи ҳамкориҳои фарҳангиро иброз дошт. Аз ҷумла, ӯ пешниҳод намуд, ки дар Екатеринбург баргузории шабҳои эҷодии шоирону нависандагон ва ҳунармандони тоҷик метавонад барои муаррифии густурдаи фарҳанги бою пурғановати миллати тоҷик дар хориҷ аз Ватан саҳми босазо гузорад.

Дар поёни мулоқот,  Саидумрон Саидов маҷмӯаи гаронбаҳои китобҳои сиёсиву адабӣ ва бадеиро ба забонҳои тоҷикиву русӣ ба китобхонаи Консулгарии Тоҷикистон ба унвони тӯҳфаи арзишманд эҳдо намуд, ки ин иқдом бо миннатдории зиёд пазируфта шуд.

5.Мулоқот дар Вазорати робитаҳои байналмилалӣ ва иқтисодии хориҷии вилояти Свердловск

Пас аз силсилаи мулоқотҳои пурсамар дар Екатеринбург, ҳайати меҳмонон аз Тоҷикистон, бо мақсади таҳкими робитаҳои иқтисодӣ ва густариши ҳамкориҳо, дар Вазорати робитаҳои байналмилалӣ ва иқтисодии хориҷии вилояти Свердловск пазируфта шуданд. Дар ин мулоқот ҳузур доштанд: Дмитрий Васков- сардори шӯъбаи масъули Вазорати робитаҳои байналмилалӣ ва иқтисодии хориҷӣ; Директори Департаменти меҳнат ва шуғли аҳолии вилояти Свердловск;  Антонов Дмитрий Алексеевич; ва соҳибкори маъруф,  Ефтушенко Александр Эдуардович.

Мулоқотро ҷаноби Дмитрий Васков, бо табрикоти самимӣ ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллии Тоҷикистон оғоз бахшид, ки ин иқдом аз эҳтиром ва наздикии равобити ду кишвар гувоҳӣ медод. Сипас, ӯ ба баррасии муфассали дурнамои ҳамкориҳои иқтисодии Округи федералии Урал бо Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиё пардохт. Вай  қайд намуд, ки истеҳсолкунандагони Урал дар самти содироти маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус равғани офтобпараст, ба кишварҳои Осиё дастовардҳои назаррас доранд. Аз ҷумла, танҳо 12 ҳазор тонна равғани офтобпараст ба маблағи беш аз 2 миллиард рубл фурӯхта шудааст, ки ин нисбат ба соли гузашта 10% афзоишро нишон медиҳад. Ӯ таъкид кард, ки Тоҷикистон дар қатори Чин, Ӯзбекистон ва Озарбойҷон аз харидорони асосии ин маҳсулот маҳсуб мешавад, ки ин худ аз мустаҳкамии робитаҳои иқтисодӣ дарак медиҳад.

Дмитрий Васков ҳамчунин ба таваҷҷуҳи ҳозирин расонид, ки Тоҷикистон ва Русия нақша доранд ҳамкориҳои худро дар соҳаи саноат боз ҳам густариш диҳанд, ки ин барои ҳар ду ҷониб судманд хоҳад буд. Ӯ ба таҷрибаи муваффақи ифтитоҳи як нуқтаи савдои маҳсулоти тоҷикӣ дар Екатеринбург ишора кард. Аз ин пас, сокинони шаҳри Екатеринбург имкон доранд, ки дар ин мағозаи навтаъсис на танҳо чойи нодири тутии Тоҷикистон, балки меваҳои хушки тару тоза, чормағзҳои болаззат ва шириниҳои анъанавии ҷумҳурии моро низ харидорӣ намоянд. Ин ташаббус, ки ба шарофати ҳамкории миёни Вазорат ва ширкати маҳаллии "Таҷ-Бозор" имконпазир гардидааст, қадами муҳим дар муаррифии маҳсулоти Тоҷикистон дар бозори Русия мебошад. Дмитрий Васков дар поёни суханронии худ омодагии комили Вазорати робитаҳои байналмилалӣ ва иқтисодии хориҷии вилояти Свердловскро барои мусоидат ва амалӣ намудани барномаҳои муштараки Федератсияи Иттифоқҳои касабаи вилояти Свердловск ва вилояти Суғд таъкид намуд.

Баъд аз он, Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи вилояти Свердловск, Андрей Ветлужский , зимни суханронии худ ба тафсили ҳамкориҳои пурсамар миёни иттифоқҳои касабаи вилоятҳои Свердловск ва Суғд ишора кард. Ӯ қайд намуд, ки ин ҳамкориҳо дар чандин самтҳои калидӣ оғоз гардидаанд ва интизор меравад, ки онҳо натоиҷи назаррас ва судманд ба бор хоҳанд овард. Ветлужский махсусан бар аҳамияти сафарҳои мутақобили аъзоёни иттифоқҳои касаба аз Свердловск ба Суғд ва баръакс таъкид намуд, ки ин дидорҳо дар таҳким ва тавсеаи дӯстиву равобити бародарӣ нақши бунёдӣ мебозанд ва боиси табодули таҷрибаи арзишманд мегарданд.

Дар идомаи мулоқот, аз ҷониби ҳайати Тоҷикистон, Саидумрон Саидов пешниҳодҳои муҳиммеро дар самти ривоҷ додани ҳамкориҳои фарҳангӣ, адабӣ ва илмӣ баён дошт. Ӯ изҳори умедворӣ намуд, ки баргузории чорабиниҳои мухталифи фарҳангӣ ва адабӣ метавонад ба таҳкими робитаҳои иқтисодӣ низ таъсири мусбат расонад ва ба ҳамдигарфаҳмии бештари мардумони ду минтақа мусоидат кунад. Сипас, Раъно Қаландарова бо як таҳлили амиқ дар мавриди дурнамои рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ карда, андешаҳо ва пешниҳодҳои ҷолибро дар мисоли таҷрибаи муваффақи корхонаи «Ҷавонӣ» баён намуд, ки ин амр таваҷҷуҳи ҳозиринро ба худ ҷалб намуд ва нишондиҳандаи имкониятҳои бузурги сармоягузорӣ дар Тоҷикистон буд.

Иҷрокунандаи вазифаи Консули Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Екатеринбург, Зафар Соҳибов бори дигар омодагии Консулгариро барои мусоидат ва дастгирии ҳамаҷониба дар амалӣ намудани ниятҳо ва барномаҳои муштараки байни вилоятҳои Свердловск ва Суғд изҳор доштд. Ин дидор бо як рӯҳияи ҳамкорӣ ва ояндабинӣ анҷом ёфт, ки барои таҳкими минбаъдаи робитаҳои дӯстӣ ва шарикии стратегӣ байни Тоҷикистон ва Русия заминаи мусоид фароҳам овард.