Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Чоршанбе, 15 июл. 2026
МУКОФОТИ ДАВЛАТӢ МУБОРАК!

МУКОФОТИ ДАВЛАТӢ МУБОРАК!

Раёсати Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд бо камоли эҳтиром ва самимияти хоса роҳбари дастгоҳи Раиси вилояти Суғд, Биволида Самадиро барои бо мукофоти давлатии “Ордени шараф” шарафёб гардиданашон муборакбод намуда, ба муаллимаи азиз саломативу саодатмандӣ ва ба фаъолияти меҳнатиашон муваффақиятҳо хоҳонем.

Боиси сарфарозист, ки дар пешрафти фаъолияти Иттифоқҳои касаба дар вилоят дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ҳамчунин саҳми арзандаи роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят Биволида Самади хеле назаррас мебошад. Муаллимаи гиромиқадрро аз номи кулли аъзои иттифоқҳои касабаи вилоят бори дигар шодбош гуфта, барояшон сиҳатии комил ва дар ҷодаи фаъолият, ки аз созандагиву бунёдкорӣ иборат аст, тавфиқу комёбиҳои беназирро таманно дорем. Раёсати Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд