МАШҒУЛИЯТИ НАВБАТИИ КУРСИ БОЗОМЎЗӢ ВА ТАКМИЛИ ИХТИСОС
Аз санаи 7 то 14 октябри соли ҷорӣ машғулияти навбатии курси бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси Иттифоқҳои касабаи вилоят баргузор гардид.
Дар ин давра ба омӯзиш масъулони ҳифзи меҳнат аз корхонаю ташкилотҳои соҳаҳои тандурустӣ, кишоварзӣ, давлатӣ, савдо ва хоҷагии манзилию коммуналӣ ҷалб карда шуданд.
Дар ҷараёни машғулиятҳо омўзгорони соҳибтаҷриба аз рӯи барномаи махсус доир ба мавзӯъҳои амалӣ намудани муносибатҳои меҳнатӣ, санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, ташкили бехатарии меҳнат дар ташкилоту муассисаҳо, таъмини иҷрои талаботҳои Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигарҳо маърўза намуданд.
Машғулиятҳо тибқи нақшаи таълимӣ баргузор гардида, пас аз гузаронидани санҷиш Шаҳодатнома супорида мешавад.
Тоҷикӣ
Русский
English 

