Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Ҷумъа, 15 мая. 2026
МАШҒУЛИЯТҲОИ ОМӮЗИШӢ

МАШҒУЛИЯТҲОИ ОМӮЗИШӢ

Санаи 22 июли соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони масъули Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд  бо мақсади дар сатҳи зарурӣ  ба роҳ мондани ҷараёни қабули созишномаҳои минтақавӣ, соҳавӣ ва шартномаҳои коллективӣ ва тадбиқи муқарароти ин созишномаҳо  дар Раёсати Агентии шуғли аҳолии ноҳияи Спитамен машғулияти омӯзишӣ баргузор намуданд.

Дар машғулият масъалаҳои муҳими вобаста ба тартиби таҳия, муҳокима ва ба имзо расонидани созишномаҳои коллективӣ, инчунин ҳуқуқу уҳдадориҳои ҷонибҳо дар доираи шартномаҳои соҳавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳадафи асосии машғулият баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҳуқуқии кормандон ва устувор намудани ҳамкориҳои иҷтимоӣ байни корфармо ва кормандон дар асоси муқаррароти қонунгузории меҳнат мебошад.