
Мақоми занон дар иттифоқҳои касаба
ҶАҲОНСОЗУ ҶАҲОНОРОӢ, ЭЙ ЗАН...
Иди занон, ки як замон онро байналмилалӣ эълон карда буданд, собиқаи садсола дорад. Вале имрўз мо бояд донем, ки аҷдоди пуршарафи тоҷикон – ориёӣ ҳанўз се ҳазор сол пеш барои ба ҷо овардани эҳтироми занону модарони худ ҷашни хосае доштаанд.
Эмомалӣ РАҲМОН
Бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни расмии давлатӣ эълон шудани Рўзи Модар дар Тоҷикистон гувоҳи равшани амалишавии иқдомоти пайвастаи роҳбарияти олии кишвар дар хусуси баланд бардоштани нақши зан дар ҷомеа ва мақому манзалати баланди модарони азиз мебошад.
Тавъам омадани ду ҷашн – Рўзи Модар ва Наврўзи хуҷастапай дар кишвари биҳиштосои мо худ рамзи баҳори шукуфони сарзамини аҷдодиамон мебошад. Зеро Зан-Модар азизтарин вуҷуди рўи замин аст ва зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ў оғоз мегирад. Зан-Модар сарчашмаи меҳру вафо, олиҳаи зебоӣ, рамзи ишқи ҷовидонӣ, нахустин мураббӣ ва муаллими фарзанд мебошад.
Модар олиҳаи ҳусну зебоӣ, атокунандаи меҳр, ягона меҳрубону дилбанд, азизтарин шахс, мўътабартарин инсон дар рўи замин аст. Каломаш ширину дилнавоз буда, ба инсон рўҳ мебахшад, нерўю тавоноӣ ато мекунад. Танҳо алфози модар дилпазир аст. Танҳо модар метавонад ба рўи гаҳвораи фарзанд бедор нишинад бо дидаи бехоб ва бо лаҳни дилнишин аллаи пурмеҳру пурсеҳр бихонад. Модар барои ҳар нафар новобаста ба миллату мавқеи ҷамъиятӣ азизу мўътабар мебошад. Бузургони мо ҳуввияти модарро бисёр ситоиш кардаанд, ки барои насли наврасу ҷавон аҳамияти муҳим дорад.
Имрўз зани тоҷик ҳамчун модар фарзандони баркамол тарбия намуда, дар рушди кишвар саҳми арзанда мегузорад. Ба мисли дигар корхонаҳо, муассисаҳо, дар ҳаракати иттифоқҳои касабаи вилоят ҳам нақши занон баръало ба мушоҳида мерасад. Аз давраи аввали ташкилёбии ин ташкилоти ҷамъиятӣ занон аз аъзои фаъоли он маҳсуб меёфтанд. Мо имрўз бо ифтихору самимият номҳои занони фаъол ва қавиирода Лупина Мария Александровна, Хаблиева Надежда Фёдоровна, Бирюкова Валентина Сергеевна, Ольшевская Валентина Фёдоровна, Ходжибаева Роза Мурадовна, Манзура Артикова, Митрофанова Людмила Васильевна, Тамара Жигачёва, Ахмедова Маърифат Абдуллоевна, Люба Белова, Гончаренко Антонина Дмитриевна, Миропова Нина Михайловна, Пономарёва Зинаида Кузьминична, Моноймика Татьяна Ивановна, Приображенская Ирина, Набиева Флора Турсуновна, Юсупова Муаттара Валиҷоновна, Саломат Юсупова, Бобоева Мавҷуда Валиевна, Мирсаидова Аниса Акрамовна, Тошхўҷаева Галина Гулямовна ва даҳҳо занони дигарро ба забон мегирем, ки дар давраҳои гуногун барои пешравии ҳаракати иттифоқҳои касабаи вилоят саҳми худро гузоштаанд.
Имрўз дар аксари ташкилотҳои ибтидоии иттифоқҳои касабаи вилоят дар вазифаи раисони кумитаи иттифоқи касаба занон фаъолият мебаранд, ки ин ифтихори иттифоқҳои касаба мебошад. Роҳбарии ду кумитаи соҳавии вилоятӣ – кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи бофандагӣ ва саноати сабуки вилоятро Темурова Турсуной Насимовна ва кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳии вилоятро Қодирова Фотимахон Саидовна ба ўҳда доранд, ки фаъолияташон хуб мебошад. Масъулияти хеле баланд, вазифаи роҳбари дастгоҳи Шўрои иттифоқҳои касабаи вилоят низ ба зиммаи зани серғайрату серталаб Аббосова Мухбира Хамидовна мебошад, ки дар кору пайкори ташкилотчиёни ин ҳаракат ва тарбияи насли наврасу ҷавон намунаи ибратанд. Наслҳое, ки таълиму тарбияи хуб дида ба воя расидаанд, дар муборизаи ҳаёт ҳар монеаи пешомадаро бартараф ва ҳар навъ мушкилоти моддию маънавиро ҳал хоҳанд кард. Ба симои бузург ва матонати беназири Зан - Модар нигариста, фикр мекунем, ки ба нақши имрўзаи зан дар ҷамъият чӣ гуна баҳогузорӣ намоем. Дар ҳақиқат нақши зан дар ҷомеа зина ба зина боло рафта истодааст. Рисолати аслии зани тоҷик соҳибмаърифатӣ ва пеш аз ҳама сабурии ўст ва чун анъана Зан - Модари тоҷик ҳамеша заҳматкашу меҳнатқарин буду ҳаст ва мемонад ва дар оянда низ аз ин беҳтару хубтар хоҳад гашт.
“Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун нерўи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем” таъкид шудааст дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ. Шукргузорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намоем, ки сулҳу ваҳдати сартосарӣ ва тинҷию амонии ҷомеа беҳтарин саодат барои мо - бонувон мебошад. Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ барои бонувон шароити рушду такомули бештарро фароҳам овард.
Тамоми бонувони Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд кўшиш менамоянд, ки дар амалӣ шудани ҳадафҳои муҳими оинномавӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои меҳнатӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии занон дар ташкилоту муассиса ҳамоҳангӣ нишон диҳанд ва барои беҳтар шудани шароити кори занону духтарон дар ташкилотҳои ибтидоӣ пайваста тадбир андешанд.
Таърих исбот намудааст, ки занон дар ҷомеа нерўи тавоно ба шумор мераванд. Онҳо чӣ дар рўзғордорӣ ва чӣ дар иҷрои вазифаи хидматӣ нисбат ба мардон масъулиятро бештар ҳис менамоянд ва серталабанд. Ба ҳама чиз аз нигоҳи модарона муносибат менамоянд. Бузургон занро олиҳаи ҳусн гуфтаанд, пас мо барои зебогӣ, ободӣ ва шукуфоии ин Ватани азизамон пайваста талош хоҳем кард.
Бузургии зан-модар пеш аз ҳама дар он таҷассум меёбад, ки ў чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанда ва ба камолрасонандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад. Агар ободиву суботи ҷомеа аз осоишу оромии ҳар як оила вобаста бошад, дар навбати худ ободии ҳар як хонадон аз рўҳияи солиму созанда, сатҳи маънавиёту маърифатнокӣ ва тандурустии Зан-Модар вобаста аст. Рисолати аслии зани тоҷик сабурии ўст. Зан – Модари тоҷик заҳматкашу меҳнатқарин буду ҳаст ва мемонад. Ба қавле «Ғами дунёи наву кўҳна ҳама бори зан аст».
Кулли модарон ва занону духтарони иззатмандро ба муносибати Рӯзи Модар ва айёми истиқболи Наврўзи Аҷам самимона табрик гуфта, ба шумо пеш аз ҳама саломативу хушбахтӣ, рўзгори пурсаодат ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзу менамоям.
Мӯниса ИШОНОВА