КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ – АМАЛӢ ТАҲТИ УНВОНИ «ЗАБОН – ҲАСТИИ МИЛЛАТ»
Санаи 13 феврали соли ҷорӣ дар толори Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони иттифоқҳои касабаи соҳаи муассисаҳои давлатии вилоят Конференсияи илмӣ – амалӣ таҳти унвони «Забон – ҳастии миллат» баргузор гардид.
Дар кори Конференсия муовини аввали раиси Шӯро – Обидзода Нӯъмон Юлдошӣ, доктори илмҳои филологӣ, профессор аз Донишкадаи байналмилалии Хуҷанд-и Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Шокиров Туғрал ва номзади илмҳои филологӣ, дотсент, мудири кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров Раҳматзода Шӯҳрат Аҳмадҷон иштирок ва баромад намуданд.
Зимни баромади худ Обидзода Нӯъмон Юлдошӣ доир ба моҳияти таҷлили Рӯзи байналмилалии забони модарӣ ибрози назар намуда, таъкид кард, ки забон сарчашма ва калиди тамоми маънавиёт ва сарвати маънавии инсон буда, дар ташаккули шахсият ва тарбияи инсондӯстӣ нақши муассир дорад.
Дар идома, профессор Шокиров Туғрал дар мавзӯи «Саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар интишори забони давлатӣ» маъруза намуда, нақши ташаббусҳои давлатӣ дар таҳкими мақоми забони тоҷикӣ ва густариши он дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятиро шарҳ дод.
Ҳамчунин, Раҳматзода Шӯҳрат Аҳмадҷон дар мавзӯи «Монад ҳаме ҷовидон то ҳаст одаме!» суханронӣ карда, аз арзишҳои фарҳангӣ ва рисолати таърихии забони тоҷикӣ ёдовар шуд.
Конференсия дар фазои илмиву фарҳангӣ ҷараён гирифта, ба таҳкими эҳсоси худшиносӣ, ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба забони давлатӣ мусоидат намуд.
Тоҷикӣ
Русский
English 

