ЁРИИ АМАЛӢ ВА МЕТОДӢ ДАР ТАШКИЛОТУ МУАССИСАҲОИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО
Дар доираи нақшаи кории Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд ба ташкилоту муассисаҳои шаҳри Истаравшан, ноҳияҳои Мастчоҳ ва Спитамен аз ҷониби кормандони масъули Шӯро ёрии амалӣ ва методӣ расонида шуд.
Зимни боздид вазъи фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касаба, ҳуҷҷатгузорӣ, риояи қонунгузории меҳнат, тартиби бастани шартномаҳои коллективӣ ва иҷрои уҳдадориҳои оинномавӣ мавриди омӯзиш қарор дода шуд.
Ҳамзамон ба роҳбарон ва фаъолони иттифоқи касаба оид ба беҳтар намудани фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои меҳнатӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии кормандон тавсияҳои мушаххас дода шуда, барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта машваратҳои зарурӣ пешниҳод гардиданд.
Тоҷикӣ
Русский
English 

