
Истироҳатгоҳи кӯдакон, наврасон ва ҷавонон ба номи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”
Санаи 23 июни соли ҷорӣ Истироҳатгоҳи кӯдакон, наврасон ва ҷавонон ба номи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”, ки дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд ҷойгир аст, фаъолияти худро расман оғоз намуд.
Маросими кушодашавии басти аввал бо шукуҳу тантана баргузор гардид. Мавриди зикр аст, ки дар басти аввали истироҳатгоҳ 205 нафар кӯдакону наврасон аз тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят ба истироҳат ҷалб гардиданд.
Истироҳатгоҳ дорои ҳавзҳои шиноварӣ, майдончаҳои варзишӣ, китобхона, амфитеатр барои чорабиниҳои фарҳангӣ, синфхонаи компютерӣ мебошад, ки дар истироҳатгоҳ ташкили бозиҳои гуногуни миллӣ, мусобиқаҳои варзишӣ, маҳфилҳои гуногуни ҳунарҳои мардумӣ аз қабили ҳунарҳои дастии кашидадузӣ, рассомӣ ва дигарҳо низ амал мекунад.