Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Душанбе, 10 авг. 2026
ИШТИРОКИ РАИСИ ШӮРО ДАР МАҶЛИСИ ФАЪОЛОНИ ШАҲРИ КОНИБОДОМ

ИШТИРОКИ РАИСИ ШӮРО ДАР МАҶЛИСИ ФАЪОЛОНИ ШАҲРИ КОНИБОДОМ

Санаи 8 июли соли 2026 раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Шарифулло Абдуллозода дар маҷлиси фаъолони шаҳри Конибодом иштирок намуд.

Зимни суханронӣ Шарифулло Абдуллозода оид ба фаъолияти иқтисодӣ ва амалишавии муносибатҳои меҳнатӣ дар ташкилоту муассисаҳои  шаҳр ибрози ақида намуд. Аз ҷумла ў таъкид намуд, ки муқаррароти Протоколи маҷлиси Раёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июли соли 2025, №6 тавассути таъсис додани ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касаба ва баимзорасонии шартномаҳои коллективӣ, таъмини ҳифзи манфиатҳои меҳнатию иҷтимоии шаҳрвандон на дар ҳамаи корхонаҳо иҷро гардидаанд. Аз роҳбарони ташкилоту корхонаҳои шаҳр, ки ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касаба надоранд, даъват ба амал овард, ки дар ҳамкорӣ бо Иттифоқҳои касабаи вилоят оиди таъсиси ташкилотҳои иттифоқи касаба ва тавассути баимзорасонии шартномаҳои коллективӣ таъмин намудани манфиатҳои иҷтимоию иқтисодии кормандон тадбирҳо андешанд. Инчунин оиди ҷалби ҳарчи бештари кўдакону наврасон ба мавсими истироҳати тобистона таклифҳои худро  баён намуд.