ФОРУМИ XI БАЙНАЛМИЛАЛИИ ФАРҲАНГИЮ МАЪРИФАТИИ «КӮДАКОНИ ИТТИҲОД» ДАР ТОҶИКИСТОН ОҒОЗ ГАРДИД
Санаи 15 июни соли 2026 басти аввали Истироҳатгоҳи «Шоҳин»-и шаҳри Гулистон оғоз гардид.
Дар басти аввал 110 нафар кўдакону наврасон аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз ҷумла ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Федератсияи Россия ва Туркманистон ташриф оварданд.
Санаи 16 июн маросими кушодашавии Форуми XI байналмилалии фарҳангию маърифатии «Кӯдакони Иттиҳод» баргузор гардид.
Форум бори аввал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда, аз 15 то 24 июн идома меёбад.
Дар доираи Форум беш аз 30 чорабинии фарҳангӣ, маърифатӣ ва варзишӣ, аз ҷумла олимпиадаҳои зеҳнӣ, мастер-классҳо, вохӯриҳо ва саёҳатҳои омӯзишӣ баргузор мегарданд.
Ҳадафи асосии форум таҳкими дӯстӣ, рушди муколамаи фарҳангӣ ва густариши ҳамкориҳои байни насли ҷавони кишварҳои Иттиҳод мебошад.
Тоҷикӣ
Русский
English 

