Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Шанбе, 15 март. 2025
9.6°C

Худжанд

Фарзанди туям Тоҷикистон

Фарзанди туям Тоҷикистон

 Ба ифтихори 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

Дар шумораи нави нашрияи Кумитаи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мақолаи Нӯъмонҷон Обидзода ва Фирӯза Қайюмова таҳти унвони “Аз сари сидқу эҳтироми Ватан” чоп шуд, ки дар бораи фаъолияти пурвусъати адабиётшинос ва журналист, устоди ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Саидумрон Саидов дар ҷодаи тарғибу ташвиқи ғояҳои ҲХДТ нақл мекунад. Мақолаи мазкурро дар саҳифаи худ гузошта ба Саидумрон Саидов тавфиқу комёбӣ таманно менамоем.

 

     Аз сари сидқу эҳтироми Ватан 

Мо дар рӯзҳои ҷашни муборак 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор дорем. Боиси зикр ва ифтихори ҳар як нафар аъзои ҳизб аст, ки дар раванди созандагиву ободкории кишвари азизамон Тоҷикистон таҳти роҳнамоиву ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Тоҷикистон, Раиси муҳтарами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ташкилоти бонуфуз низ мақоми хоса дошта, аъзои он ҳамчун нерўи пешбаранда саҳми арзандаеро барон ободӣ ва гулгулшукуфии кишвар мегузоранд.

Воқеан Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсии кишвар бо барномаи мукаммалу дурбинонаи худ дар пешбурди сиёсати маънавиасоси давлат ва ҳукумати кишвар нақши калидӣ дорад. Ин ташкилоти кудратманд тараннумгари дастовардҳои навини мамлакат буда, дар амалисозии ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумат тавъам бо риояи қонунҳо, Оиннома ва Барномаи ҳизб ва дар ин радиф дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои дахлдор ҷиҳати ҳалли мушкиливу муаммоҳо фаъолияти судмандеро ба роҳ мондааст. 

Воқеан дар ҳамаи марҳалаҳои рушду инкишофи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар аз ҷумла дар раванди басо мушкилу мураккаби хомӯш кардани оташи ҷанги шаҳрвандӣ, вусъат бахшидани музокироти сулҳ ва таҳкими оромиву суботи ҷомеа, амалӣ гардидани озодиҳои сиёсиву иқтисодӣ, аз қабили гуногунандешӣ, бисёрҳизбӣ, озодии сухан, матбуот ва зътиқод, интихоботи шаффофу демократӣ, волоияти қонун, иқтисодиёти гуногуншакл, рақобати озоди иқтисодӣ, рушди соҳибкории хурду миёна, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва монанди инҳо Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамҷун ҳадафҳои барномавии худ то имрӯз талош меварзад.

 Натиҷаи ҳамин аст, ки намояндагони аксари қишрҳои ҷомеа ифодаи манфиатҳояшонро дар барномаи ин ҳизб мебинанд ва онро ҷонибдорӣ мекунанд.

Боиси зикр аст, ки дар ҳамаи ин марҳалаҳо дар пешбурди рисолати Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҲХДТ, ҳадафҳои олии он, ки бо орзуву омоли халқи тоҷик тавъам аст нафарҳои зиёде буданд ва ҳасатанд, ки бо садоқати афзун нисбати халқу Ватан, нисбати Сарвари Давлат кор мекунанд ва бо ташаббусҳову ибтикороти наҷибашон корҳои шоистаро анҷом мебахшанд. Дар рӯзҳои ҷашни 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зикри заҳмати ин гуна афроди содиқ ба кору сиёсати Давлату ҳукумат айни муддаост. 

Яке аз ин гуна афроди содиқ ба сиёсати давлату ҳукумат, ғояҳои инсондӯстии Сарвари давлат ва ормонҳои мардумии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Саидумрон Саидов мебошад. Ӯ ҳамчун узви фаъоли ҳизби мазкур силсилаи корҳои шоиставу мондагорро дар ҳамдастӣ бо кумитаҳои иҷроия ва донишмандону адибон анҷом додааст. Саидумрон Саидов адабиётшинос ва рӯзноманигори соҳибқалам буда, алҳол устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аст. Ӯ муаллиф ва мураттиби беш аз 30 асари илмиву адабӣ ва методӣ ва беш аз 500 мақолаҳои илмиву публитсистӣ доир ба масоили сиёсат, таърихи адабиёти форсу тоҷик, нақди адабӣ, таърих, матншиносӣ, луғатнигорӣ ва рӯзноманигорӣ, ҳамчунин садҳо барномаҳои адабиву фарҳанги телевизионӣ мебошад. Саидумрон Саидов роҳбари маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” аст, ки 20 сол боз ҳар моҳ муттасил амал карда, дар доираи илму адаби кишвар маъруфият пайдо кардааст.

Саидумрон Саидов таи даҳ соли охир ҳамчун узви фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ташаббус ва ибтикороти ҷолиб дар дар тарғиби кору ғояҳои ҲХДТ нақши шоистаро анҷом дод. Ташкил ва баргузор намудани чандин конфронсҳои илмиву назариявӣ, таълиф ва таҳияи силсилаи китобҳои илмиву публистистӣ ва таърихӣ, роҳандозии семинарҳои омӯзишӣ, таълифи бештар аз 50 мақолаҳои илмиву оммавӣ, сисилаи маърӯзаҳо дар конфронсу мизҳои мудаввар ва маҳфилҳои сиёсиву адабӣ аз зумраи заҳматҳои содиқонаи Саидумрон Саидов ба ҳисоб меравад. 

Ғояҳои ҷолиб, ибтикороти наҷиб ва ташаббусҳои бесобиқаи ӯ ҳамеша аз ҷониби роҳбарияти Кумитаи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳо мавриди истиқбол қарор гирифта, борҳо мавсуф бо ифтихорномаву сипосномаҳо ва нишонаҳову ҷоизаҳои ин ташкилоти бонуфуз сарафроз гардидааст.

Яке аз самтҳои фаъолияти Саидумрон Саидов дар ҳамдастӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ташкил намудани конфренсияҳои умумиҷумҳуриявӣ мебошад, ки ҳар яке дар омӯзиши ғояҳои сиёсиву инсондӯстонаи ҲХДТ, таърих ва аҳамияти он арзишманд аст. Аз ҷумла бо дастгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд 30-31 уми январи соли 2019 дар шаҳри Хуҷанд конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нерӯи пешбари ҷомеаи муосир» баргузор шуд, ки дар он сиёсатмадорону донишмандон, муаррихону олимони соҳаҳои гуногун ва муҳаққиқони ҷавон аз гӯшаву канори кишвари азизамон бо маърӯзаву мақолаҳои худ ширкат варзиданд. Муаллифон дар бораи нақши созанда ва бунёдкори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, мақому манзалати ҲХДТ дар ҷомеа, таърихи таъсисёбӣ ва рушди ҳизб, саҳми фаъолони ҳизбӣ, дар заминаи санадҳои таърихӣ, назар ва андешаҳои мушаххаси илмии худро баён кардаанд. 

Маводҳои ин конфронс дар китоби «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нерӯи пешбари ҷомеаи муосир» дар ҳаҷми 464 саҳиф бо теъдоди 1000 нусха нашр гардид. Дар китоби мазкур аз ҷониби донишмандону сиёсатшиносон мавзӯъҳои муҳиме аз қабили нақши роҳбари муаззами Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар пойдории забони миллӣ, мақоми Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар системаи сиёсии бисёрҳизбӣ, нақши Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар таъмини рушди иқтисодӣ, нерӯҳои зеҳни дар таърихи ташаккули Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон, рисолати Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар рушди ҷомеъаи манавибунёд, Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон ва занони даврони истиқлол ва даҳҳои дигар чунин мавзӯъҳои мубрам мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Китоби мазкур, ки мураттаб сохтани он ба дӯши Саидумрон Саидов ва адабиётшинос Субҳони Аъзамзод гузошта шуда буд, имрӯз ҳамчун яке аз сарчашмаҳои мӯътамади таърихи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. 

Конфренсияи Ҷумҳуриявии “Пешвои миллат ва рушди илм дар Тоҷикистон” ба ифтихори 145-солагии қаҳрамони Тоҷикистон, бунёдгузори адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ ва рӯзи илми тоҷик бо дастгирии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд 27-уми апрели соли 2023 баргузор шуд, ки ташаббускори он Саидумрон Саидов ва гурӯҳи олимони донишгоҳи давлатии Хуҷанд ва донишгоҳи давлатии ҳуқуқ биснес ва сиёсати Тоҷикистон мебошад.

 Маводҳои конфронси мазкур низ дар китоби “Пешвои миллат ва рушди илм дар Тоҷикистон” дар ҳаҷми 849 саҳифа бо теъдоди 200 нусха дар нашриёти Ношир чоп шудааст. Китоб аз бахшҳои "Сиёсат, таърих, ҷомеа", "Фанҳои гуманитарӣ", "Фанҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва иқтисодиёт" иборат буда, бештар аз 180 мақолаи донишмандону муҳаққиқони кишварро дар мавзӯъҳои мухталифи илмӣ фаро гирифтааст. Дар радифи мақолоти олимони варзида маҷмӯа фарогири чакидаҳои қалами муҳаққиқони чавон низ мебошад. Ҳадафи нашри китоб мусоидат намудан дар рушди илми тоҷик ва фароҳам овардани имконият барои интишори осори илмии устодон ва муҳаққиқони муассисаҳои олии кишвар ба ҳисоб меравад.  

Дар китоби мазкур мақолаҳои сиёсатмадорон ва сиёсатшиносонва даҳҳо олими маъруфи кишвар ҷой дода шудааст. 

Китоби мазкур агар аз як ҷониб назар ва таҳқиқи илмии олимон оид ба таърихи Тоҷикистон, Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон ва Сарвари он бошад, аз ҷониби дигар он барои олимон хосса муҳаққиқони ҷавон имконияти ибрози фикру андешаи илмиро фароҳам овард.

 Мусаллам аст, ки аз оғози фаъолияти худ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар сатҳи кишвар бо номи «Минбари халқ» чаридае дорад, ки дар партави сиёсати дурбинона ва оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолият мебарад ва дар инъикоси ҳақиқати рӯзгори мардум саҳми бориз дорад. Маҳз ба туфайли ҳақиқатнигорӣ, сатҳи баланди тахассусии кормандон, инъикоси саривақтӣ ва мусоидат дар ҳалли масоили рӯзмарраи мардум бо гузашти замон он ба сернашртарин ва маҳбубтарин нашрия дар саросари кишвар табдил ёфт.

Зимнан, бо гузашти вақт ва талаботи мардум дар назди баъзе аз бахшҳои вилоятиву шаҳрӣ ва ноҳиявии Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон нашрияҳо ба кор огоз карданд, ки онҳо на танҳо нуфузи ҳизбро дар ҷойҳо мустаҳкам намуданд, балки мардумро бо набзи рӯзмарраи ҳизб аз наздик ошно сохта, иртиботи муттасилро таҳким бахшиданд. Ин нашрияҳо дар инъикоси воқеаву ҳодисаҳои маҳаллӣ, таҳлилу баррасии масоили доги рӯзи ин ё он маҳал саҳим гаштанд.

Яке аз ин гуна нашрияҳо, ки бо шиори «Каъбаи уммеди мо халқ асту бас!» фаъолият мекунад ва ин шиор рисолати воқеии онро бозгӯ намуда, аз ҳадафҳои аслии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маншаъ мегирад, «Сухан халқ» мебошад. Нашрияи мазкур яке аз аввалин нашрияҳои Ҳизби Халқии Демократии Точикистон маҳсуб шуда, дар назди Кумитаи иҷроияи вилоятӣ фаъолият дорад ва то имрӯз қариб 600 шумораи худро интишор менамояд.

Саидумрон Саидов дар ҳамдастӣ бо роҳбарияти Кумитаи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва сармуҳаррири вақти газетаи “Сухани халқ” Бобоҷон Қурбонов ибтикори шоистаеро ба роҳ монданд. Онҳо таҳти унвони “Армуғони Сухани халқ” солҳои 2018-2019 маҷмӯаи мақолаҳоро мураттаб сохтанд, ки онҳо дар ҳафтаномаи “Сухани халқ” ба табъ расидааст. Мураттибон мақолаҳоро вобаста ба мавзӯъоте, ки дар нашрия пайваста мавриди баррасӣ қарор мегирад интихоб карданд. Арзиши ин мақолаҳо дар пиёда кардани сиёсати Пешвои миллат ва оинномаи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон беназир буда, ҳамзамон, барои ҳаллу фасли мушкилот ва душвориҳои зиндагии мардум судманд аст. 

Китоби дигаре, ки бо ташаббуси мавсуф интишор шуд “Давлат, сиёсат, ҷомеа” мебошад, ки муаллифони он олимони номвар Саидмурод Самад Фаттоҳзода, Бахтиёр Ҳамдамов ва худи Саидумрон Саидов мебошад. Китоби мазкур ба як маънӣ таърихномаи мухтасари даврони Истиқлолияти кишвари азизамон Тоҷикистон мебошад. Зеро он шомили мақолотест, ки муаллифонаш ба паҳлӯҳои мухталифи рузгори ҷомеа, воқеаҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, падидаҳои фарҳангиву ҳунарӣ эътибор дода аз дастовардҳои даврони Истиқлол, ҷонбозиву заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди барқарорсозӣ ва ташаккули пояҳои давлату давлатдории навин, таъмини амнияту оромии ҷомеа, суботи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар сухан кардаанд. Муаллифон кӯшиш кардаанд, ба масоили мубрами замон, равандҳои гуногуни ҷомеа дар заминаи таҳлилу таҳқиқи илмӣ холисона баҳо диҳанд ва дар баъзе маворид фикру андеша ва пешниҳоду дархости хешро дар беҳдошти вазъ ё ҳалли масоили мубрам баён намоянд. Китоб аз 644 саҳифа иборат буда солҳои 2019-2019 ду маротиба бо теъдоди 300 нусхагӣ дар нашриёти “Ношир”-и шаҳри Хуҷанд интишор шуд.    

Боиси зикр аст, ки дар ҳамаи давру замон имтидоди таърих, илму зарфиятҳои илми сабабгори пешрафту таҳаввулоти инсон дар тамоми соҳаҳои иҷтимоӣ баҳисоб меравад. Дар иртибот ба ин амнияти миллӣ низ вобастаи сатҳу дараҷаи илмҳои мавҷуда мебошад. Саидумрон Саидов баъди омӯзиши асарҳои муҳаққиқи тоҷик Саймумин Ятимов оид ба ҳақиқати илмӣ ва амнияти миллӣ тасмим гирифт, ки нуқтаи назарҳои донишмандони тоҷикро ба ҳам биёрад ва як маҷмӯъаи мақолоти илмиро тадвин созад. Ниҳоят китобе бо номи “Ҳақиқати илмӣ ва амнияти миллӣ бо дастгирии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд рӯи чопро дид. Муаллифон дар партави китоби Саймумин Ятимов “Ҳақиқати илмӣ ва амнияти миллӣ” ба масъалаҳое чун муаммоҳои иҷтимоии ҷавонон ва амнияти миллӣ, таҳкими амнияти иттилооти омили осоиштагӣ, донишҳои илми ва маърифати дурусти вазъи сиёсии ҷомеъа, тафаккури илми кафили амнияти миллӣ, нақши илм дар рушду субот ва таъмини амнияти ҷомеа, рисолати илм ва адабиёт дар таҳкими амнияти миллӣ ва инсонӣ, зиёиён ва таъмини амниятӣ миллӣ таваҷҷуҳ карданд, ки фикру назари онҳо шоистаи омӯзиш ва амал мебошад. Воқеан китоби мазкур ҳамчун дастури муҳим барои тарғиботчиёни ҳизбӣ мавриди истифода қарор дорад.

 Як силсила китобҳои мураттабсохтаи Саидумрон Саидов аз қабили “Паёми ормонҳои миллат” (Хуҷанд, Нури маърифат 2016, 260 саҳифа), “Истиқлол заминаи рушди Тоҷикистон” (Хуҷанд Ношир 2016, 368 саҳифа), “Тулӯъи Ҳақиқат”( Хуҷанд, Ношир 2019, 304 саҳифа), “Китоб сарчашмаи маърифат” (Хуҷанд, Ношир 2020, 382 саҳифа), “Нақши Эмомали Раҳмон дар рушди тамаддуни халқи тоҷик”( Хуҷанд, Ношир 2022, 414 саҳифа) ба фаъолияти доманадори пурсамар ва беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида шудааст, ки таҳлилу баррасии онҳо сухани дигар аст. 

Дигар аз бахши доманадор ва муҳими фаъолияти Саидумрон Саидов дар ҷадои тарғиби Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон нигориши мақолаҳои илмӣ ва публисистӣ мебошад. Дар ин самт мавсуф муаллифи бештар аз 100 мақола мебошад. Мақолаҳои ӯ “Равшангари фардои миллат”, “Пешвои миллат ва рушди арзишҳои маънавӣ”, “Имконияти густурда ва масъулияти ватандорӣ”, “Арҷгузорӣ ба арзишҳои маънавӣ фа фарҳангӣ”, “Маърифати вазъи сиёсӣ аз назари илм”, “Зиёиён ва таъмини амнияти миллӣ”, “Пешвои миллат ва масъалаи оби ҷаҳон”, “Нақши шахс дар таърих”, “Тафаккури солим алайҳи ифротгароӣ”, “Эмомалӣ Раҳмон: назария андеша ва пешниҳодҳо дар муборриза бо тероризми байналхалқӣ”, “Масъулият ва ташаббус”, “Пешвои миллат ва тарбияи ахлоқии ҷомеа”, “Ҳидоятҳои судманди раиси муаззами ҲХДТ-нерӯи пешбари ҷомеаи муосир”, “Чароғи нурбахши фардои нурафшон”, “Нақши мондагор (назаре ба китоби тозанашри “Эмомалӣ Раҳмон Пешвои миллат”) дар расонаҳои итилоотӣ, рӯзномаву маҷалаҳои ҷумҳуриявию вилоятӣ, китобу маҷмӯаҳои мақолот интишор шудаанд. Зимни ин мақолаҳо Саидумрон Саидов дар конфронсу семинарҳои илмӣ, мизҳои мудаввар, мулоқоту маҳфилҳо пайваста маърӯза мекунад ва дар тарғиби ватандориву миллатпарварӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, рисолати созандагии Ҳизби Халқии Демократӣ бо дили гарму муҳббати бепоён ҳарф мезанад. 

Яке аз ташаббусҳои бесобиқаи Саидумрон Саидов, ки аз ҷониби роҳбарияти Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон ва кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд истиқбол гирифта шуд ин ба роҳ мондани семинар-машварати сайёр дар мавзӯъи “Сайтҳои интернети ва усулҳои истифода аз он” мебошад. Ҳадаф аз баргузории ин семинарҳо роҳандозии дурусти сомонаҳо ва саҳифаҳои интернети фаъолият дар шабакаҳо иҷтимоии кормандони ҳизби баҳисоб мерафт. Дар лоиҳаи мазкур Саидумрон Саидов беҳтарин муттахассисони соҳаро ҷалб кард ва ва дар он намояндагони ҳамаи кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ширкат варзиданд. Воқеан ин семинар-машварат як такони ҷиддие дар истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби кормандони ҳизбӣ гардид.

Чунончи дар боло зикр шуд Саидумрон Саидов роҳбари маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан мебошад,ки дар давоми 20 сол 223 нишасти он баргузор шуд. Чандин нишастҳои маҳфил маҳз бо ҳамкорӣ бо кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд баргузор шудааст ва дар ин гуна нишастҳо масъалаҳои адабиёт,илм ва фарҳанг мавриди муҳокима қарор мегирад ва дар рушди ҷаҳонбинии аъзоёни ҳизб нақши бориз мегузорад.

Ташаббус ва ибтикороти мондагори адабиётшинос ва рӯзноманигор Саидумрон Саидов шоистаи таҳсин ва пайравии дигарон аст. Ӯ шахсест, ки бо заҳмати пайгирона ва эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ баҳри рушди илму адаб ва фарҳанги кишвар саҳми босазо гузоштааст. Корҳои анҷомдодаи ӯ на танҳо дар доираи донишгоҳ, балки дар миқёси ҷумҳурӣ эътироф гардида, ҳамчун намунаи ибрат барои ҷавонон хидмат мекунанд. Барои амалӣ намудани ин гуна корҳои наҷиб, ки натиҷаи онҳо барои ҷомеа аҳамияти бузург дорад, барои инсон пеш аз ҳама садоқату муҳаббати беандоза ба Ватан, ғайрату матонати қавӣ, ҷоннисориву фидокорӣ ва заҳмати шабонарӯзӣ лозим аст. Ин хислатҳо дар сиришти Саидумрон Саидов ҷой дошта, ӯро ҳамчун шахси ватандӯст ва масъулиятшинос муаррифӣ менамоянд. Қобили зикр аст, ки ёдоварӣ аз заҳматҳои эҷодкор ва қадршиносии ӯ дар фаъолияти минбаъдааш нерӯи тоза ва илҳоми нав мебахшад. Ин амр на танҳо худи ӯро барои идомаи фаъолияти пурсамар таҳрик медиҳад, балки дигарон, бахусус ҷавононро, ба пайравӣ аз ин масири пуршараф ҳидоят менамояд. Эътироф ва қадршиносии шахсиятҳои сарсупурдаи илму адаб, ба монанди Саидумрон Саидов, барои рушди минбаъдаи ин соҳаҳо такони ҷиддӣ бахшида, боиси пайдоиши истеъдодҳои нав мегардад.

 

Нӯъмонҷон Обидзода, муовини раиси 

Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд, 

аъзои ҲХДТ

Фирӯза Қайюмова, устоди ДДХ

ба номи ак.Б.Ғафуров, аъзои ҲХДТ