Дирӯз ва имрӯзи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд
Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд дар давоми фаъолияти зиёда аз 90 солаи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон аз аввалин ташкилотҳои соҳавӣ маҳсуб ёфта, баҳри ҳифзи манфиатҳои қонунии кормандони соҳа фаъолият мебарад.
Дар давоми даҳсолаҳои охир сарварии Иттифоқи касабаи кормандони маорифро чунин ашхоси муътабар ва масъулу коршинос ба монанди Раҷабов Қ.Р. (солҳои фаъолияташ 1958 - 1979), Юсупов Р.Ю. (солҳои фаъолияташ 1979 - 1984), Усупова Т.И. (1985 - 1989), Ҷалилов А.Р. (солҳои фаъолияташ 1989 - 1993), Ҷумъабоев Ю.А. (1993 - 2015) бар уҳда дошта, баҳри ташкили кори иттифоқи касаба, ҳифзи манфиатҳои кормандони соҳа талош карданд.
Аз соли 2015 инҷониб вазифаи раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғдро Мӯсобек Самизода иҷро карда меоянд. Самизода Мӯсобек фаъолияти меҳнатиашро соли 1991 оғоз намуда, зиёда аз 33 сол дар соҳаи маориф собиқаи корӣ дорад. Дар давраи кориаш тӯли 22 сол дар соҳаи маорифи иттифоқи касаба фаъолият намуда, аз вазифаи нозири Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров то ба вазифаи Раиси Иттифоқи касабаи маориф ва илми вилояти Суғд кор ва фаъолият намуда истодааст.
Барои хизматҳои шоёни тӯлонӣ ва пурсамар дар Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи Донишгоҳ, таъмини болоравии ҳаракати иттифоқҳои касабаи Донишгоҳ, баланд бардоштани қобилиятнокии ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касаба, таъмини иҷрои Оинномаи Иттифоқи касабаи маориф ва илми Тоҷикистон ва Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Самизода Мӯсобек бо ифтихорномаву сипоснома ва медалҳои ҷашнӣ сарфароз гардонида шудааст. Инчунин номбурда аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Медали Хизмати шоиста сарфароз гардидааст.
Иттифоқи касабаи кормнадони маориф ва илми вилоят 33 сол қабл аз ин дар сафи худ 993 ташкилотҳои ибтидоӣ (аз он ҷумла 8 муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ) ва 54011 нафар (аз онҳо 11463 нафар донишҷӯён) аъзои иттифоқи касабаро муттаҳид мекард. Дар давоми 33 соли Истиқлолияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилотҳои ибтидоӣ ба 1248 (аз он ҷумла 11 муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ) ва теъдоди аъзо зиёда 76588 нафар (аз он ҷумла 19544 нафар донишҷӯён) расид.
Бояд қайд намуд, ки солҳои 90-ум соҳаи маориф ба монанди дигар соҳаҳо давраи басе душворро паси сар намуд. Дар ин солҳо пардохти музди меҳнат, бо сабабҳои иқтисодӣ тарки касб намудани омӯзгорон, коста гардидани пояи моддӣ-техникии муассисаҳои таълимӣ аз муаммоҳое буданд, ки ҳалли худро оҷилан талаб менамуданд. Илова бар ин ҷавононе, ки муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбиро бо ихтисоси омӯзгорӣ хатм менамуданд, бо ҳамин андешаҳо хоҳиши аз рӯи касбӣ худ кор карданро надоштанд ва аксари онҳо ба ҷойи кор ҳозир намегардиданд.
Бо шарофати сиёсати хирадмандона ва маорифпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон камбудиҳои ҷойдошта дар ин соҳа марҳила ба марҳила бартараф карда шуда сол аз сол маблағгузории соҳаи иҷтимоиёт, хосатан маориф зиёд гардид. Дар ин давра садҳо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олию касбӣ сохта ба истифода дода шуданд. Имрӯз кардрҳои омода намудаи муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олию касбии вилоят дар ҳамаи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқамон саҳм гузошта истодаанд. Дар меҳвари сиёсати илмиву маорифпарваронаи Пешвои миллат дастгирии аҳлу илму маориф дар ҷойи аввал қарор дорад, зеро асоси пойдории ҳар як миллату давлат ба илми он вобастагӣ дорад.
Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи андозаи хароҷоти маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ барои табобати санаторию курортӣ, ташкили истироҳати кормандон ва аъзои оилаи онҳо ва чорабиниҳои солимгардонию пешгирикунанда дар корхонаҳо” дар соли 2024 зиёда аз 1420 нафар омӯзгорону кормандони соҳаи маорифро аз ҳисоби маблағҳои 1,5% суғуртаи давлатии иҷтимоӣ дар осоишгоҳи Шифо, Соҳил, Баҳористон, Авис - ситӣ, Хоҷа оби гарм, Уротеппа, Хавотог, Истаравшан ва дигарон ҷалб намуд.
Бо мақсади боз ҳам пурзур намудани савияи дониши раисони ташкилотҳои ибтидоӣ Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд семинарҳои омӯзишии қитъавӣ ташкил намуда истодааст, ки дар он аз ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят намояндагон иштирок менамоянд. Соли ҷорӣ Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм дар панҷ қитъаҳо семинарҳои дастурдиҳӣ ташкил намуд ва ин раванд ҳамасола идома дода мешавад.
Барои боз ҳам беҳтар намудани фаъолият дар Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилоят 1 воҳиди корӣ нозири меҳнат ва 1 воҳиди корӣ нозири ҳуқуқ фаъолият мебарад. Нозири меҳанту ҳуқуқ тибқи нақша аз муассисаҳои таълимӣ дидан намуда, барои пешравии фаъолияти онҳо дастуру маслиҳатҳои муҳим медиҳанд.
Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилоят дорои саҳифаи иҷтимоии Фейсбук мебошад. Дар ин саҳифа хабару мақолаҳо, чорабиниҳои гуногун, саволу ҷавоби ҳуқуқшинос дарҷ мегардад. Солҳои охир шумораи обуначиёни саҳифаи мазкур 5000 ҳазорро ташкил медиҳад. Шумораи хонандагони саҳифаи мазкур низ ҳамасола меафзояд. Бояд зикр намуд, ки Иттифоқи касаба бо рӯзномаҳои соҳавӣ ҳамкории хубро ба роҳ монда истодааст. Ҳар моҳ дар саҳифаҳои рӯзномаҳои соҳавӣ аз ҳаёти иттифоқи касаба мақолаву гузоришҳо ба нашр мерасад. Инчунин қариб ҳамаи чорабиниҳои ташкилнамудаи Иттифоқи касаба тариқи телевизиони Суғд ва Ҷаҳоннамо пахш карда мешавад.
Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки минбаъд фаъолияти худро дар асоси Қонунҳои амалкунанда ба роҳ мода, барои боз ҳам пурзўр намудани ин ташкилоти бонуфузи ҷамъиятӣ камари ҳиммат бандад.