Дар ҷодаи хидмати содиқона
Имрӯз зодрӯзи раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд муҳтарам Шарифулло Абдуллозода мебошад
Бо камоли ифтихору муҳаббати беандоза Шуморо аз номи кулли кормандони Иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд бо ҷашни мавлуди муборакатон табрик ва муборакбод намуда, бароятон саломатии бардавом, саодати рӯзгор ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно менамоем.
Шумо, ки имрӯз як ташкилоти бонуфузу шӯҳратмандро сарварӣ мекунед, роҳи пурифтихор ва пурмасъулиятро тай карда омада истодаед. Зеро кор дар ҳар мақому мансабе, ки Шумо адо кардаед, як саҳифаи сарбаландиву мардонагӣ, кордониву фидокорӣ, рушду такомули эҷодиву масъулиятшиносиро ифода мекунад.
Шумо ҳамчун сарвару раҳбар ва такягоҳи меҳнаткашон дар ҷодаи таъмини болоравии ҳаракати иттифоқҳои касаба дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои иҷтимоию иқтисодии меҳнаткашони вилоят, баланд бардоштани нақш ва мавқеи ташкилотҳои ибтидоӣ ва баҳри баланд бардоштани сатҳи дониши кормандон фаъолияти шоистаро анҷом дода истодаед, ки ин боиси ифтихори мо - кулли кормандон мебошад.
Муҳтарам Шарифулло Абдуллозода,
Дар ин рӯзи хотирмон бароятон сиҳатмандӣ, осудаҳолӣ ва рӯзгори бегазандро таманно намуда, дар кори пуршарафи роҳбарӣ дар таъмини шукуфоии Тоҷикистони азиз ва пешрафти соҳаи Иттифоқҳои касаба бурдборӣ хоҳонем.
Бори дигар, Раиси муҳтарам, милоди мунавваратон хуҷаставу муборак бошад!
Бо эхтиром,
Раёсати Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд
Тоҷикӣ
Русский
English 

