Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Шанбе, 7 дек. 2024
2.6°C

Худжанд

ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар толори Шўрои иттифоқҳои касабаи вилоят бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир гардид.

Дар чорабинӣ собиқадорони соҳа, фаъолон, меҳмонон ва кормандони Иттифоқҳои касабаи вилоят аз ҳамаи шаҳру ноҳияҳо иштирок намуданд. 

Ҳамчунин дар чорабинӣ сиёсатмадор, Ходими давлатию чамъиятӣ Биҳоҷал Раҳимова, Шуҷоат Ҳасанова, шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Матлуба Муинова ва таърихшинос, устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Исломҷон Раҳимов иштирок намуданд.

Сараввал сардори Хадамоти хизматрасонии “Корбар” Саидумрон Саидов чорабиниро оғоз бахшида, зикр дошт, ки бо шарофати сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба рамзҳои давлатӣ, бахусус Парчам таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, дар тамоми шаҳру ноҳия ва ҷамоатҳо боғи Парчам бунёд шуда истодааст, ки ин бешубҳа барои баланд бардоштани ҳиссӣ милливу ватандӯстии шаҳрвандон мусоидат хоҳад кард. 

Сипас, раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Шарифулло Абдуллозода ҳозиринро бо ин санаи таърихӣ шодбош гуфта, қайд кард, ки Парчами давлатӣ нишони ифтихор аз соҳибистиқлоливу соҳибдавлатӣ буда, эҳтироми бепоён ба гузаштаи пурифтихори миллат, ҷонбозӣ ва фидокориҳои миллати соҳибтамаддуни тоҷик дар роҳи таъмини озодиву ободӣ ва осоиши сарзамини аҷдодӣ, расидан ба рушду нумӯи иқтисодии кишвар ва бо ҳамин васила ноил гардидан ба якпорчагию ваҳдати миллӣ, мавқеи устувор доштан дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти парчами ваҳдат ва ҳамбастагӣ дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ мавқеи сазоворро ишғол намуд.

Ҳамчунин Биҳоҷал Фатҳидиновна шукргузорӣ аз даврони Истиқлол намуда, қайд кард, ки Парчами давлатии Тоҷикистон имрўз сари баланди ҳар як фарди тоҷикистонӣ аст. Таҳти ин парчам дар Тоҷикистони азиз сулҳу субот ва оромиву нишот ворид гардид. Парчами Тоҷикистон ба кас илҳом мебахшад, эътиқодамонро ба арзишҳои миллӣ таҳким дода, ба худогоҳиву худшиносии миллӣ ҳидоят менамояд. Ғояи мафкуравии моро, ки ваҳдат, ягонагӣ, ободии Ватан ва таҳкими дӯстист, ғанӣ мегардонад.

Боварӣ дорам, ки миллати соҳибтамаддуну созандаи тоҷик бо шарофати соҳибистиқлолӣ Парчами азизро ҳифз намуда, ба он чун муқаддасоти давлатӣ муносибат менамоянд.

Сипас ба хатмкунандагони “Мактаби захираи кадрҳо”-и Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят ва шунавандагони курси такмили ихтисос дар вазъи тантанавӣ шаҳодатномаи хатм супорида шуд. 

Дар чорабинии мазкур дастаи ҳунарии “Само” аз вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон таҳти сарварии устод Ҷонбоз Душанбеев ҳунарнамоӣ намуда, табъи ҳозиринро болида гардониданд.