Чорабинии тантанавӣ бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатӣ
Имрӯз дар толори Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят, бахшида ба сию чорумин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, чорабинии тантанавӣ бо шукӯҳу шаҳомати хос баргузор гардид.
Дар ин маросими идона фаъолон ва кормандони соҳаи иттифоқҳои касабаи вилоят ширкат доштанд.
Сараввал Раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд муҳтарам Абдуллозода Шарифулло чорабиниро ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо ин ҷашни фархунда - Рӯзи Истиқлоли давлатӣ сидқан табрик намуд. Ӯ дар суханронии пурмӯҳтавои худ ба таърихи пайдоиши истиқлолият, мушкилоти солҳои аввали давлатдорӣ ва дастовардҳои бузурги ин давраи сарнавиштсоз таваҷҷуҳ зоҳир кард. Аз ҷумла, Раис - Абдуллозода Шарифулло таъкид дошт, ки аз лаҳзаи интихоб гардидани фарзанди барӯманди халқ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми аркони давлатдорӣ пояҳои сохтори конститутсионӣ ва меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар таҳким ёфтанд. Маҳз дар ҳамин давра пули миллӣ ба муомилот баромад ва шиносномаи миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардид. Ин санаи муборак ҳамасола дар фазои баланди сиёсию ҷамъиятӣ, ваҳдату якдигарфаҳмӣ ва рӯҳияи созандагиву бунёдкорӣ таҷлил мегардад.
Сипас, сардори Хадамоти хизматрасонии “Корбар”, адабиётшинос Саидумрон Саидов, ба минбар баромада, ҳозиринро бо ин ҷашни муқаддаси таърихӣ шодбош гуфт. Ӯ бо маърӯзаи ҷолибе дар мавзӯи «Нақши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар арҷгузорӣ ба Фирдавсӣ ва Шоҳномаи ӯ» баромад намуд. Мавсуф дар таҳлили худ қайд кард, ки бо шарофати сиёсати оқилона ва фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба эҳё ва таҳкими ҳувияти миллӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид. Маҳз ба туфайли ҳамин сиёсати хирадмандона, Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти парчами ваҳдату ҳамбастагӣ дар арсаи байналмилалӣ мавқеи сазоворро ишғол намуда, ҳамчун кишвари дорои фарҳанги асил эътироф гардид.
Дар қисмати анҷомбахши чорабинӣ ба якчанд нафар аз фаъолон ва кормандони иттифоқҳои касабаи вилоят, барои саҳми арзандаашон дар рушди ин соҳа ва дастгирии сиёсати давлат Ифтихорнома ва Сипосномаи Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят тақдим карда шуданд.
Тоҷикӣ
Русский
English 

