Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Шанбе, 8 ноя. 2025
ЧОРАБИНИИ ИДОНА БАХШИДА БА  РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА

ЧОРАБИНИИ ИДОНА БАХШИДА БА РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА

Дар толори Шўрои иттифоқҳои касабаи вилоят бахшида ба иди касбӣ “Рўзи иттифоқҳои касаба - 24 октябр” чорабинии идона доир гардид. Дар ин чорабинӣ собиқадорони соҳа, фаъолон, меҳмонон ва кормандони Иттифоқҳои касабаи вилоят аз ҳамаи шаҳру ноҳияҳо иштирок намуданд.

Дар чорабинӣ муовини Раиси вилоят Ҷўразода Ҷамшед Ҳабибулло, иштирок намуданд.

Шарифулло Абдуллозода - раиси Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд иштирокдоронро бо Рўзи иттифоқҳои касаба табрик намуда, таъкид намуд, ки маҳз бо ташаббус ва дастгирии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳар сол санаи 24 октябр ҳамчун “Рўзи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон” қайд карда мешавад. Инчунин оиди фаъолияти иттифоқҳои касабаи вилоят ибрози ақида намуд.

Сипас, муовини Раиси вилоят Ҷўразода Ҷамшед Ҳабибулло ҳамаи иштирокчиёнро аз номи Раиси вилоят муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода тамоми аъзои иттифоқҳои касабаи вилоятро табрику таҳният намуд. Инчунин оиди ҳамкориҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо Шўрои иттифоқҳои касабаи вилоят ва дастовардҳои Иттифоқҳои касабаи вилоят дар самти тадбиқи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳифзи манфиатҳои иҷтимоию иқтисодии коргарон  сухан кард. 

Баъдан Паёми табрикотии раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Қарахон Чиллазода ба самъи ҳозирин расонида шуд. Аз ҷумла омадааст: Имрўз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, ки Шўрои иттифоқҳои касабаи вилоят зерсохтори он ба ҳисоб меравад, яке аз ташкилотҳои ҷамъиятии бонуфузи кишвар ва қисми таркибии ҷомеаи шаҳрвандӣ маҳсуб меёбад. Иттифоқҳои касабаи кишвар солҳои охир ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Сол аз сол Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон фаъолияти худро ба замони муосир мутобиқ намуда, дар ҳифзи манфиат ва ҳимояи ҳуқуқҳои аъзоён ҳамвора талош меварзад ва дар тадбиқи ҳадафҳои иҷтимоию иқтисодии давлат пайваста нақши босазо мегузорад.

Сипас як қатор собиқадорони Иттифоқҳои касабаи вилоят бо туҳфаҳои хотиравии Раиси вилояти Суғд аз ҷониби муовини Раиси вилоят Ҷўразода Ҷамшед Ҳабибулло тақдим карда шуд.

Дар доираи чорабинӣ ҳамчунин раиси Суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Шоири Халқии Тоҷикистон Аҳмадҷон Раҳматзод ва собиқадори соҳаи Иттифоқҳои касаба Зокиров Саидбой Зокирович ба сухан баромада, ҳозиринро муборакбод намуданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ як қатор сарварони ташкилоту корхонаҳо ва фаъолон, ки ба болоравии ҳаракати иттифоқҳои касаба саҳми арзандаи худро гузоштанд, бо Ифтихорномаву Сипосномаи  Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд ва бо  туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд. Инчунин ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ, ки санаи 12 сентябри соли ҷорӣ дар вилоят ҷамъбаст гардида буд, бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

Сурудҳои дилангези ҳунарманди халқии Тоҷикистон Сироҷиддин Худоймерганов анҷомбахши чорабинӣ гардид.