
ЧОРАБИНИИ ИДОНА БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ
Санаи 18 марти соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд чорабинӣ фарҳангиву варзишӣ бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо иштироки кормандон, аъзоён, фаъолон, ва собиқадорони соҳаи маориф баргузор гардид.
Сароғоз раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд Мӯсобек Самизода суханронӣ намуда, ҳозиринро бо ҷашни Наврўзи хуҷастапай муборакбод намуд.
Сипас, Аббосова Мухбира Ҳамитовна - роҳбари дастгоҳи раиси Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд иштирокдоронро аз номи раиси Шўрои иттифоқҳои касабаи вилоят табрик намуд.
Дар қисмати дигари чорабинӣ ба 30 собиқадорон аз ҷониби Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
Инчунин ба 70 нафар омӯзгорону кормандони фаъоли муассисаҳои таҳсилоти миёна, олӣ ва миёнаи касбии шаҳру ноҳияҳо Ифтихорномаву Сипосномаҳои Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд ва Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд супорида шуд.
Бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим дар рафти чорабинии Наврӯзӣ чорабиниҳои варзишӣ, аз ҷумла, сангбардорӣ, дастхобонӣ байни аъзоёни иттифоқи касабаи муассисаҳои таҳсилоти миёна, олӣ ва миёнаи касбӣ ташкил гардид. Ба ғолибон туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
Ҳамчунин бо мақсади инкишофи истеъдодҳои нав, баланд бардоштани дарки зебоиву эстетикӣ ва ҳавасманд гардонидани омӯзгор-занони боистеъдод байни занони фаъоли иттифоқи касаба озмуни Маликаи Наврӯз гузаронида шуд.
Инчунин ба 30 нафар тарбиятгирандагони мактаб-интернати шаҳри Бӯстон туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
Суруду мусиқиҳои дилнавоз дар васфи ватан ва наврӯз аз ҷониби сарояндагони номии вилоят анҷомбахши чорабинӣ гашт.