Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Якшанбе, 20 июл. 2025
ЧОРАБИНӢ БАХШИДА БА ИДИ КАСБӢ

ЧОРАБИНӢ БАХШИДА БА ИДИ КАСБӢ

Санаи 30 майи соли ҷорӣ дар толори Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд бо иштироки кормандони ташкилоту муассисаҳои хоҷагии манзилию коммуналӣ, газ ва хизматрасониҳои маишӣ, фаъолон ва собиқадорон чорабинии тантанавӣ бахшида ба иди касбӣ “Рўзи кормандони соҳаи савдо, хизмати маишӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ” баргузор гардид.

Дар чорабинӣ Раҷабов Умедҷон Саидшоҳонович- раиси Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони хоҷагии манзилию коммуналӣ, газ ва хизматрасониҳои маишии Тоҷикистон ва Раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд - Абдуллозода Шарифулло Бобоҷон ширкат варзиданд. Раиси кумитаи иттифоқи касабаи кормандони хоҷагии манзилию коммуналӣ, газӣ ва хизматрасонии маишии вилояти Суғд Қобилов О.М. сухани ифтитоҳӣ намуд. Сипас, Умедҷон Саидшоҳонович- раиси Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони хоҷагии манзилию коммуналӣ, газ ва хизматрасониҳои маишии Тоҷикистон баромад карда, ҳамаи иштирокдоронро бо иди касбӣ муборакбод намуд. Ҳамчунин, раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят Шарифулло Абдуллозода зимни суханронӣ ҳамаи иштирокдорон ва кулли кормандони соҳаи хоҷагии манзилию комуналиро бо иди касбӣ муборакбод намуда, иброз дошт, ки маҳз бо шарофати хизматҳои назарраси кормандони соҳаи хоҷагии манзилию комуналӣ шаҳри азизамон рӯз аз рӯз ободу зебо гардида, дар радифи таъмиру азнавсозӣ ва мумфаршкунии роҳҳо гулзоркунии кӯчаву хиёбонҳо, гулгашт ва шафати роҳҳои назди бино давом дорад, ки дар он саҳми кормандони соҳаи манзилию коммуналӣ калон мебошад. Фаъолон ва собиқадорони соҳа бо Ифтихорномаҳои Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд ва Кумитаи ҷумҳуриявӣ ва вилоятии иттифоқи касабаи кормандони хоҷагии манзилию коммуналӣ, газ ва хизматрасониҳои маишӣ қадрдонӣ гардидаанд. Дар бо фарҷом барномаи фарҳангӣ чорабинӣ хотима ёфт.