Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Якшанбе, 15 фев. 2026
Боздиди Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи Қазоқистон аз корхонаҳои саноатии вилояти Суғд

Боздиди Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи Қазоқистон аз корхонаҳои саноатии вилояти Суғд

 Дар доираи кори Шӯрои иттифоқҳои касабаи Осиёи Марказӣ роҳбарони федератсияҳои иттифоқҳои касабаи кишварҳои аъзо бо фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии иттифоқҳои касабаи коргоҳҳои саноатии вилояти Суғд аз наздик ошно шуданд.

Аз ҷумла Раиси Федератсияи  иттифоқҳои касабаи Қазоқистон Сатиболди Даулеталин ва Сардори департаменти Ташкилоти байналмилалии меҳнат Сергиус Главатскас бо ҳамроҳии Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода ва раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Шарифулло Абдуллозода ба корхонаи “Қолинҳои қайроқум” ва Корхонаи муштараки “Ҷавонӣ” ташриф оварда, бо фаъолияти корхонаҳо, аз ҷумла ҳифзи меҳнат ва  шароитҳои фароҳамовардаи кордеҳон ба кормандон шинос шуданд.