БОЗДИД АЗ ИСТИРОҲАТГОҲИ “ЧАШМА”
Соли ҷорӣ бо мақсади дар сатҳи зарурӣ ташкил ва баргузор намудани истироҳати тобистона дар тамоми истироҳатгоҳҳои вилояти Суғд тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодааст.
Бо мақсади шиносоӣ пайдо кардан аз рафти истироҳати кўдакону наврасон дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ раиси Шўрои иттифоқҳои касабаи вилоят Абдуллозода Ш.Б. аз истироҳатгоҳи “Чашма”-и шуъбаи маорифи ноҳияи Зафаробод , воқеъ дар ноҳияи Шаҳристон боздид ба амал овард.
Бояд қайд намуд, ки басти аввал санаи 01 июли соли 2025 оғоз гардида, дар он 120 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат фаро гирифта шуданд, ки аз ин шумора 10 нафар ятимон ва аз оилаҳои камбизоат мебошанд.
Айни замон басти дуюми истироҳатгоҳ оғоз гардида, 160 нафар кўдакону наврасон ба истироҳат ҷалб гардидаанд, ки аз ин миқдор 3 нафар ятими кулл, 27 нафар аз оилаҳои камбизоат ва 50 нафар кўдакони болаёқат мебошанд.
Дар ҷараёни сафари корӣ раиси Шўро аз рафти омодагӣ, шароити буду боши истироҳаткунандагон ва баргузории чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ шиносоӣ пайдо намуд ва барои боз ҳам беҳтар намудани фаъолият тавсияҳои худро пешниҳод намуд.
Тоҷикӣ
Русский
English 

