Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Душанбе, 10 авг. 2026
БАРГУЗОРИИ СИТОДИ “ТОБИСТОН-2026”

БАРГУЗОРИИ СИТОДИ “ТОБИСТОН-2026”

Санаи 17 июни соли ҷорӣ таҳти роҳбарии раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Шарифулло Абдуллозода ҷаласаи ситоди “Тобистон-2026” баргузор гардид.

Дар ҷаласа рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 2026, №91 «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2026» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Зимни муҳокимаи масъала раиси Шӯро Шарифулло Абдуллозода аз раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилоят Самизода М.С. ва раисони кумитаҳои соҳавии вилоятӣ оид ба раванди омодагии истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ ба мавсими истироҳати тобистона пурсиш ба амал овард.Таъкид гардид, ки масъулони кумитаҳои соҳавӣ бояд фаъолияташонро дар ин самт пурзӯр намоянд. Ҳамчунин оиди бартараф намудани камбудию норасогиҳои ҷойдошта, беҳтар намудани шароити истироҳату фароғати кӯдакону наврасон ва васеъ намудани фарогирии онҳо ба чорабиниҳои фарҳангию солимгардонӣ ибрози назар намуд. Ҳамзамон таъкид гардид, ки барои ҷалби ҳарчӣ бештари кӯдакони ятиму бепарастор ва тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳое, ки дар иҳотаи давлат қарор доранд, ба истироҳатгоҳҳо тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.

Дар ҷараёни ҷаласа инчунин рафти иҷрои Протоколи ҷаласаи назди раиси Шӯро аз 2 июни соли 2026 таҳлил гардида, ба шахсони масъул барои иҷрои босифат ва саривақтии бандҳои он супоришҳои иловагӣ дода шуданд.

Дар фарҷоми ҷаласа раиси Шӯро Шарифулло Абдуллозода ҷиҳати дар сатҳи баланд ташкил намудани истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон, тақвияти назорат аз болои фаъолияти истироҳатгоҳҳо ва таъмини иҷрои ҳатмии супоришҳои қабулгардида ба масъулин вазифаҳои мушаххас гузошта, онҳоро ба масъулияти баланд ва фаъолияти самаранок даъват намуд.