БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ДАСТУРДИҲӢ ДАР ШАҲРИ ИСТАРАВШАН
Дирӯз дар доираи нақшаи чорабиниҳои Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд ва Шўрои ҳамоҳангсозии иттифоқҳои касабаи шаҳри Истаравшан дар маҷлисгоҳи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан семинари дастурдиҳӣ баргузор гардид.
Дар семинар 40 нафар иштирокчиён — раисони иттифоқҳои касаба, сармуҳосибон, мудирони шуъбаҳои кадрҳо, мутахассисон оид ба ҳифзи меҳнат ва фаъолони иттифоқҳои касабаи ноҳия ширкат варзиданд.
Семинарро раиси Шўрои ҳамоҳангсозии иттифоқҳои касабаи шаҳри Истаравшан Фозилова Х. ифтитоҳ намуд.
Сипас, Аббосова М.Ҳ., роҳбари дастгоҳи раиси Шўрои вилоят, дар мавзўи дастурамали коргузорӣ, тартиб ва андозаи хароҷоти маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ барои табобати санаторию курортӣ, ташкили истироҳати кормандон ва аъзои оилаи онҳо, инчунин чорабиниҳои солимгардонӣ ва пешгирии бемориҳо дар корхонаҳо баромад намуд. Ҳамзамон, оид ба ташкили курсҳои бозомўзӣ ва такмили ихтисоси кормандон маълумот пешниҳод шуд.
Баъдан, Бузуркуков И.А., мудири шуъбаи ҳуқуқи Шўро, дар мавзўи бастани шартномаи меҳнатӣ, шартномаҳои коллективӣ, вақти корӣ ва вақти истироҳат ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №630 аз 14.10.2014, оид ба пардохти кӯмакпулиҳо дар ҳолатҳои гуногун суханронӣ намуд.
Ҳамчунин, Яъқубӣ М.Ш., мудири шуъбаи ҳифзи меҳнат, дар мавзўи бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат баромад кард.
Дар анҷоми чорабинӣ иштирокчиён ба мутахассисон саволҳои марбут ба фаъолияти касабаи худ пешниҳод намуданд ва посухҳои мушаххас дарёфт карданд. Ба ҳамаи иштирокчиён маводҳои омӯзишӣ ва варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуд.
Тоҷикӣ
Русский
English 

