Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Якшанбе, 15 июн. 2025
Баргузории семинар - омӯзиши навбатӣ

Баргузории семинар - омӯзиши навбатӣ

Субҳи имруз семинар- омузиши навбати бо иштироки кормандони масъули иттифоқҳои касабаи корхонаҳои истеҳсолӣ ва соҳаҳои реалии иқтисодиёти вилоят дар толори меҳмонхонаи “Суғдиён”- и шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Дар семинар 40 нафар сардорони Хадамоти ҳифзи меҳнат, мутахассисони ҳифзи меҳнати соҳаҳои саноат, сохтмон, комплекси агросаноатии шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуданд.

Конференсияро раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят Шарифулло Абдуллозода ифтитоҳ намуда, дар мавзӯи “Роҳу усулҳои муосири такмили таълим ва бозомӯзии кормандони Иттифоқҳои касаба” маърӯза намуда, оид ба баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи касбии фаъолони иттифоқҳои касаба, бахусус дар самти ҳифзи меҳнат, омӯзиш ва татбиқи самараноки меъёрҳои байналмилалии меҳнат дар фаъолияти ҳаррӯза суханронӣ намуд.

Дар идомаи семинар вобаста ба мавзуҳои “Ӯҳдадориҳои корфармо дар таъмини бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат", "Тартиб додани дастурҳо оид ба қоидаҳои ҳифзи меҳнат ва бехатарӣ аз сӯхтор, усулҳои бехатари кор, тартиби баҳисобгирӣ, тафтиш ва пешгирии ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот, инчунин кафолатҳои иҷтимоӣ ва ҷуброни зарар дар ҳолатҳои фавти корманд ё осеб дидани саломатии кормандон", “Масъулияти бевоситаи иттифоқҳои касаба дар таъмини бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат” ва “Нақши муҳими сайтҳои интернетӣ ва технологияҳои рақамӣ дар рушди фаъолияти иттифоқҳои касаба” кормандони масъул ва мутахассисони иттифоқҳои касабаи вилоят бо истифода аз усулҳои муосири таълим ва айёниятҳо баромад намуданд. 

Дар рафти конференсия байни иштирокчиён оид ба масъалаҳои зикргардида, муҳокимарониҳо ҷараён гирифта, онҳо ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд. Баромадкунандагон зимни маърӯза аз воситаҳои техникӣ ва муосири таълим истифода бурданд.

Ба иштирокдорони семинар маводҳои методӣ ва санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дастрас карда шуд.