БАРГУЗОРИИ РАЁСАТИ КУМИТАИ ВИЛОЯТӢ
Санаи 17 октябри соли ҷорӣ дар толори Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят ҷаласаи Раёсати Кумитаи иттифоқи касабаи комплекси агросаноатии вилояти Суғд баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа намояндаи Шўрои иттифоқҳои касабаи вилоят Аббосова М.Ҳ иштирок ва баромад намуд.
Дар ҷаласа масъалаҳои зерин: оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти кори Кумитаи иттифоқи касабаи комплекси агросаноатии вилояти Суғд дар нӯҳ моҳи соли 2025, ҷамъбасти истироҳати тобистонаи кўдакон ва наврасон дар соли 2025, пардохти қарзи музди меҳнат, ташкили обуна ба рўзномаҳои даврӣ ва дигарҳо баррасӣ гардиданд.
Нахуст муовини раиси кумита Ҳотам Раупов дар бораи ҷамъбасти фаъолияти кумитаи иттифоқи касабаи комплекси агросаноатии вилояти Суғд дар нӯҳ моҳи соли 2025 ҳисобот дод.
Аз рӯи масъалаи дигари рӯзнома сармуҳосиби кумита Очилов А. суханронӣ намуд.
Вобаста ба масъалаҳои баррасигардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Намояндаи Шўрои иттифоқҳои касабаи вилоят Аббосова М.Ҳ ба сухан баромада, табрикоти раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоятро ба муносибати “Рӯзи иттифоқҳои касаба - 24 октябр” ба самъи ҳозирин расонид.
Дар фарҷом як қатор фаъолони соҳа ба муносибати “Рӯзи иттифоқҳои касаба - 24 октябр” бо Ифтихорномаҳои Кумитаи Марказии иттифоқи касабаи комплекси агросаноатии Тоҷикистон, Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд ва Кумитаи иттифоқи касабаи комплекси агросаноатии вилояти Суғд ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.
Ҳамчунин ба раиси Шўрои ҳамоҳангсозии иттифоқи касабаи ноҳияи Мастчоҳ Қурбонов Кӯчакбой ба муносибати 75- солагии ҷашни мавлуд Меҳрнома тақдим гардид.
Тоҷикӣ
Русский
English 

