Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Якшанбе, 20 июл. 2025
Баргузории намози иди Қурбон дар масҷидҳои ҷомеи шаҳри Конибодом

Баргузории намози иди Қурбон дар масҷидҳои ҷомеи шаҳри Конибодом

Субҳи имрӯз, ба ифтихори иди саиди Қурбон, дар ҳамаи масҷидҳои ҷомеи шаҳри Конибодом бо ширкати васеи сокинон ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр намози ид ба ҷо оварда шуд.

   Дар масҷиди ҷомеи “Тезгузар” маросими намозгузорӣ бо иштироки Раиси шаҳри Конибодом Даврон Зоҳидзода ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Шарифулло Абдуллозода доир гардид. Зимни суханронӣ тамоми сокинони шаҳрро бо фарорасии иди Қурбон табрик намуда, баён доштанд, ки ин ид яке аз суннатҳои муқаддаси исломӣ буда, ҳамасола дар фазои сулҳу суботи мамлакат бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил мегардад.

Қайд карда шуд, ки иди Қурбон ҳамчун рӯзи эҳсону ибодат ва рамзи фидокорӣ мавқеи муҳимеро дар ҳаёти маънавии ҷомеа доро мебошад. Таҷлили ин иди саид дар шароити истиқлолияти давлатӣ бо талошҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти давлату Ҳукумат ба эҳёи арзишҳои динӣ ва маънавӣ имконпазир гардидааст.

Баъди анҷоми суханрониҳо, намози ид бо риояи низому тартиботи муқарраргардида ба ҷо оварда шуда, сокинон ба хотири таҳкими сулҳу субот, пешрафти Ватан ва фаровонии рӯзгори мардуми кишвар дасти дуо бардоштанд.