Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Шанбе, 14 март. 2026
Баргузории мусобиқаи варзишӣ

Баргузории мусобиқаи варзишӣ

 Дирўз тибқи Нақшаи чорабиниҳои Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд бахшида ба Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим дар толори варзишии Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии техникии Тоҷикистон мусобиқаи варзишӣ оид ба намудҳои шашка, шоҳмот ва тенниси рўи миз баргузор гардид.

Дар мусобиқа 2 даста, аз ҳисоби донишҷўёни факултаҳои Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии техникии Тоҷикистон ва ташкилоту муассисаҳои кормандони соҳаи савдо, кооператсияи матлубот ва корхонаҳои хусусӣ иштирок намуданд. 

Ғолибон бо Диплом, Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии Кумитаи вилоятӣ қадрдонӣ карда шуданд.