Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Якшанбе, 15 июн. 2025
БАРГУЗОРИИ МАШҒУЛИЯТИ НАВБАТӢ

БАРГУЗОРИИ МАШҒУЛИЯТИ НАВБАТӢ

Дируз дар толори Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд дар мавзӯи “Асрори рушди касбияти сарвар” машғулияти навбатии мактаби захираи кадрҳои назди Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд баргузор гардид.

Дар машғулият Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Мавсума Муинӣ иштирок ва баромад намуд.

Аз ҷумла дар машғулият оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, тарғибу ташвиқи фарҳанги миллӣ, тарғиби либоси миллӣ, моҳияти равандҳои номатлуби ҷаҳони муосир, ҳифз ва гиромидошти арзишҳои даврони истиқлоли давлатӣ, омӯхтани забонҳои хориҷӣ ва дигарҳо ибрози ақида намуд.

 Шунавандагони курси мазкур доир ба ин мавзӯъҳо фикру назари хешро иброз намуда, барои иштирок ва мулоқоти судманд изҳори сипос намуданд.