Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Душанбе, 10 авг. 2026
БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ҲИСОБОТӢ – ИНТИХОБОТИИ КУМИТАИ ИТТИФОҚИ КАСАБАИ КОРМАНДОНИ НАҚЛИЁТ ВА ХОҶАГИИ РОҲҲОИ ВИЛОЯТИ СУҒД

БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ҲИСОБОТӢ – ИНТИХОБОТИИ КУМИТАИ ИТТИФОҚИ КАСАБАИ КОРМАНДОНИ НАҚЛИЁТ ВА ХОҶАГИИ РОҲҲОИ ВИЛОЯТИ СУҒД

11 июни соли 2026 дар толори Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Конференсияи ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони нақлиёт ва хоҷагии роҳҳои вилояти Суғд баргузор гардид.

Дар кори конференсия раиси Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони нақлиёт ва хоҷагии роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоева Нуринисо Темуровна, раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Абдуллозода Шарифулло Бобоҷон ва вакилони конференсия иштирок намуданд.

Дар Пленум масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор дода шуд:

- ҳисоботи Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони нақлиёт ва хоҷагии роҳҳои вилояти Суғд дар давраи фаъолияти корӣ аз моҳи июни соли 2019 то моҳи июни соли 2026;

- ахбороти   комиссияи назоратӣ-тафтишотии Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони нақлиёт ва хоҷагии роҳҳои вилояти Суғд дар давраи ҳисоботӣ,

- интихоби ҳайати нави аъзоёни Пленуми Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони нақлиёт ва хоҷагии роҳҳои вилояти Суғд,

- интихоби раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони нақлиёт ва хоҷагии роҳҳои вилояти Суғд,

- интихоби ҳайати нави аъзоёни Раёсати Кумитаи иттифоқи касабаи  кормандони нақлиёт ва хоҷагии роҳҳои  вилояти Суғд,

- интихоби ҳайати нави аъзоёни Комиссияи назоратӣ-тафтишотии Кумита,

- интихоби вакилон ба Анҷумани VI-ми Кумитаи иттифоқи касабаи  кормандони нақлиёт ва хоҷагии роҳҳои  вилояти Суғд.

Аз рӯи масъалаи якум раисиКумитаи иттифоқи касабаи кормандони нақлиёт ва хоҷагии роҳҳои вилояти Суғд Мирзо Шарифзода ҳисобот дод.

Дар ҳисоботи раиси Кумита оид ба фаъолияти кумита дар давраи аз моҳи июни соли 2019 то моҳи июни соли 2026 натиҷаҳои фаъолияти кумита, корҳои анҷомдодашуда дар самти ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кормандон, таҳкими шарикии иҷтимоӣ ва рушди ҳаракати иттифоқи касаба таҳлил ва мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Сипас ахбороти Комиссияи назоратӣ-тафтишотии кумита пешниҳод гардида, аз рӯи масъалаҳои баррасишуда мубодилаи афкор сурат гирифт. Аз рӯи масъалаҳои рӯзнома қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Дар идомаи кори конференсия вакилон ҳайати нави Пленум, Раёсат ва Комиссияи назоратӣ-тафтишотиро интихоб намуданд. Бо ҷонибдории вакилон Мирзо Шарифзода раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони нақлиёт ва хоҷагии роҳҳои вилояти Суғд интихоб гардид.

Зимни суханрониҳои худ Нуринисо Темуровна ва Шарифулло Абдуллозода оид ба вазифаҳои минбаъда, баланд бардоштани нақшу мақоми иттифоқи касаба, таҳкими ҳифзи иҷтимоии кормандон ва иҷрои босифати вазифаҳои оинномавӣ андешаронӣ намуда, ба фаъолон дастуру тавсияҳои муфид пешниҳод карданд.

Дар фарҷоми конференсия ба як қатор фаъолони иттифоқи касабаи соҳа барои фаъолияти самаранок ва саҳми арзандаашон дар рушди ҳаракати иттифоқҳои касаба Ифтихорномаҳои Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони нақлиёт ва хоҷагии роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд ва Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони нақлиёт ва хоҷагии роҳҳои вилояти Суғд тақдим гардид.

Бо ҳамин Конференсия ба кори худ анҷом бахшид.