БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМИЮ АМАЛӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ОИНАИ ДАСТОВАРДУ КОМЁБИҲО ВА ПЕШРАФТИ ҶОМЕА”
27 январи соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Иттифоқи касабаи вилояти Суғд конференсияи илмию амалӣ таҳти унвони «Паёми Пешвои миллат - оинаи дастоварду комёбиҳо ва пешрафти ҷомеа” баргузор гардид.
Дар конференсия меҳмонон, олимону муҳаққиқон, устодону омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ иштирок доштанд.
Нахуст, ректори донишгоҳ Шероз Мӯминзода иштирокчиёнро хайрамақдам гуфта иброз дошт, ки Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола ҳамчун санади муҳими сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, барномаи мукаммали рушди давлат ва ҷомеа, инчунин роҳнамои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишвар муаррифӣ мегардад. Ин ҳуҷҷати тақдирсоз на танҳо натиҷагирии марҳилаи муайяни рушди кишвар, балки нақшаи возеҳу воқеии ояндаи устувори давлатдорӣ мебошад.
Сипас, Раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Шарифулло Абдуллозода баромад намуда, иброз дошт, ки Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷатти муҳими сиёсӣ ва барномавӣ маҳсуб ёфта, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлатро барои марҳилаи нави рушди кишварамонро муайян менамояд. Хамчунин, оиди нуктаҳои Паём дар самти татбиқи технологияи муосир, аз ҷумла зеҳни сунъӣ ҳамчун омилӣ калидии рушди устувори иқтисод, дастовардҳои кишвар дар самти рушди соҳаи энергетика, мавқеи соҳаи кишоварзӣ ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди миллӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ, тадбирҳои андешидашуда ва вазифаҳои минбаъда оид ба масъалаи шуғли аҳолӣ ҳамчун самти афзалиятнокӣ сиёсати иҷтимоию иқтисодии кишвар ва дастурҳои Пешвои муаззами миллат барои рушди минбаъдаи соҳаҳои мазкур дар давраи минбаъда ибрози ақида намуд.
Ҳамчунин, мудири кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика ва муқовимат бо коррупсия Ботурхоҷа Қобилов доир ба мавзўи Паёми Пешвои миллат- таҳкимбахши низоми ҳуқуқии кишвар, ва мудири кафедраи менеҷмент Фурқатҷон Шамсиев доир ба мавзўи Паёми Пешвои миллат—қутмнамои рушди саноати миллӣ маъруза намуданд.
Зимни маърузаҳои баромадкунандагон зикр шуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» метавон ҳамчун санади муҳимми таърихӣ баҳогузорӣ намуд, ки бо иҷрои тамоми вазифаҳои дар он гузошта ҷумҳурии мо дар роҳи таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва шукуфоии ҳаёти мардуми он қадамҳои боз ҳам устувор мегузорад.
Паёми Пешвои миллат қутбнамоест, ки ҳар фарди ватандӯсту худогоҳро барои саҳмгузорӣ ба ҷашни пуршукӯҳи 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон водор месозад. Аз ин рӯ, мо бояд сарҷамъона фаъолият намуда, барои истиқболи сазовори ин ҷашни бузурги миллӣ заминаи мустаҳкам фароҳам оварем.
Дар фарҷоми ҳамоиши мазкур музокироти судманд оид ба мавзуъ аз ҷониби иштирокдорон сурат гирифт.
Тоҷикӣ
Русский
English 

