БАРГУЗОРИИ ЧАЛАСАИ ҒАЙРИНАВБАТӢ
Субҳи имрӯз санаи 7 октябри соли ҷорӣ Раёсати ғайринавбатии Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи саноати сабук ва бовандагии вилоят бвргузор гардид. Дар ҷаласи раёсат ҳамаи аъзоёни Раёсат иштирок намуданд.
Рўзномаи ҷаласа аз як масъала баррасии Қарори Анҷумани ғайринавбатии Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони соҳаи бофандагӣ ва саноати сабуки Тоҷикистон иборат буд.
Раиси кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи бофандагӣ ва саноати сабуки вилоят Темурова Т.Н. ҷаласаро ифтитоҳ намуда, суханро ба Раиси Шўро Абдуллозода Ш.Б дод.
Раиси Шўро ба иштирокчиёни ҷаласа оид ба тадбирҳои амалӣ шудаистда дар самти рушди фаъолияти Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон, ва қарори Шўрои Генералӣ аз 25 августи соли 2025 ШГ№26/3 “Дар бораи танзими фаъолият ва сохтори ташкилии Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон” ибрози ақида намуд.
Сипас, раиси кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи бофандагӣ ва саноати сабуки вилоят пас аз андешаронии иштирокдорон лоиҳаи қарори Раёсатро ба овоз монд ва аъзоёни Раёсат онро тасдиқ намуданд.
Дар асоси қарори мазкур минбаъд сохтори кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи бофандагӣ ва саноати сабук бо роҳи ҳамгироӣ ба Кумитаи вилоятии иттифоқи касабаи кормандони саноати Тоҷикистон “Тоҷиксаноат” бо роҳи якчояшавӣ таҷдид гардид.
Дар фарҷоми ҷаласа як қатор фаъолони соҳа барои саҳми арзандаашон дар пешбурди фаъолияти иттифоқҳои касаба бо Сипосномаҳо қадрдонӣ гардиданд.
Тоҷикӣ
Русский
English 

