Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Панҷшанбе, 22 янв. 2026
БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ VI ШӮРОИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБАИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ 

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ VI ШӮРОИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБАИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ 

Имрӯз дар толори Кохи Ваҳдати шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон - Котиби генералии Шӯрои иттифоқҳои касабаи Осиёи Марказӣ Маликшо Неъматзода ҷаласаи шашуми Шӯрои иттифоқҳои касабаи давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид.

Дар кори ҷаласаи Шӯро роҳбарони федератсияҳои иттифоқҳои касабаи давлатҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистону Озарбойҷон ва ҳамзамон ҳайати Ташкилоти байналмилалии меҳнат иштирок намуданд.