Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Якшанбе, 15 июн. 2025
БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ СИТОДИ ВИЛОЯТӢ

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ СИТОДИ ВИЛОЯТӢ

Субҳи имруз санаи 12 августи соли ҷорӣ дар толори Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят таҳти роҳбарии раиси Шӯро Шарифулло Абдуллозода бо иштироки раисон ва масъулони иттифоқҳои касабаи  кумитаҳои соҳавӣ ва кормандони масъули Шӯро ситод оид ба бартараф намудани қарздорӣ  аз музди меҳнат баргузор гардид.

Шарифулло Абдуллозода таҳлили қарздорӣ аз музди меҳнатро ба самъи иштирокдорон расонида, оиди зиёдшавии қарзи музди меҳнат дар соҳаҳои алоҳидаи иқтисодиёти вилоят нигаронии худро иброз намуд.

Сипас, аз масъулони соҳаҳое ки қарзи музди меҳнат доранд пурсишҳо ба амал оварда, оиди андешидани тадбирҳои мушаххас дар самти барҳамдиҳии қарздорӣ аз музди меҳнат дастуру суоришҳо дод.