
БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ НОЗИРОНИ ҲИФЗИ МЕҲНАТ
Субҳи имруз таҳти роҳбарии раиси Шўрои иттифоқҳои касабаи вилоят Абдуллозода Шарифулло Бобоҷон ҷаласаи навбатии нозирони ҳифзи меҳнати Иттифоқҳои касабаи вилоят баргузор гардид.
Дар ҷаласа масъалаҳо вобаста ба иҷрои вазифаҳои мансабии нозирони ҳифзи меҳнат, таъмини бехатарии меҳнат дар ташкилоту муассисаҳо, бартараф намудани қарзи музди меҳнат дар ташкилоту муассисаҳо, омодагӣ ба озмунҳои “Беҳтарин шартномаи колективӣ”, “Беҳтарин шарикии иҷтимоӣ”, ҷалб намудани масъулони ҳифзи меҳнати ташкилоту муассисаҳо ба машғулиятҳои курси бозомўзӣ ва такмили ихтисос ва дигар масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар фарҷом, раиси Шӯро оид ба иҷрои вазифа ва уҳдадориҳои нозирони ҳифзи меҳнат, ба низом даровардани ҳуҷҷатҳо ва иҷрои корҳои ба анҷомрасонидашуда тавсияҳои судманд пешниҳод намуд.