Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Шанбе, 8 ноя. 2025
БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КУМИТАИ СОҲАВӢ

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КУМИТАИ СОҲАВӢ

Санаи 09 октябри соли ҷорӣ дар толори Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд ҷаласаи Раёсати Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони хоҷагии манзилию коммуналӣ, газ ва хизматрасониҳои маишии вилояти Суғд баргузор гардид.

Дар ҷаласа Раҷабов Умед Саидшоҳович - раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони хоҷагии манзилию коммуналӣ, газӣ хизматрасониҳои маишии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Абдуллозода Шарифулло Бобоҷон раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд   иштирок ва баромад намуданд.

Дар ҷаласа масъалаҳо оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти кори Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони хоҷагии манзилию коммуналӣ, газ ва хизматрасониҳои маишии вилояти Суғд дар нӯҳ моҳи соли 2025, оиди таъсиси  ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касаба дар корхонаҳои марбутаи соҳа  баррасӣ гардид.

Раиси Кумита Қобилов Олимҷон Муҳаммадҷонович оғоз намуда, дар бораи ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони хоҷагии манзилию коммуналӣ, газ ва хизматрасониҳои маишии вилояти Суғд дар нӯҳ моҳи соли 2025 ҳисобот дод.

Сипас, нозири ҳифзи меҳнати кумита Ғаффоров А.А. оиди ҷалб ва таъсис намудани ташкилоти ибтидоии иттифоқи касаба дар корхонаҳои марбутаи соҳа маърӯза намуд.

Сипас, Раҷабов Умедҷон Саидшоҳович ва Шарифулло Абдуллозода  баромад намуда,  оиди самтњои фаъолият, дастовардҳо,  саҳм ва нақши иттифоқҳои касаба дар рушди соҳа изҳори назар намуда, таъкид кард, ки соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ яке аз бахшҳои муҳим ва ҳаётан муҳими иҷтимоию иқтисодии мамлакат ба ҳисоб меравад. Маҳз фаъолияти пурсамар ва масъулиятшиноси кормандони ин соҳа ба таъмини муҳити зисти тоза, ободии маҳалҳо ва фароҳамсозии фазои солими зиндагии мардум мусоидат мекунад. Инчунин дар самти рушди минбаъдаи фаъолияти Кумита ва бонатиҷаҳои назаррас ҷамбаст намудани соли 2025 дастуру супоришҳо доданд.

Вобаста ба масъалаҳои баррасӣ гардида қарорҳои дахлдор қабул гардид.