Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Душанбе, 19 мая. 2025
Баргузории ҷаласаи Кумитаи соҳавӣ

Баргузории ҷаласаи Кумитаи соҳавӣ

Дирўз дар толори хурди Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд ҷаласаи Раёсати Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони хоҷагии манзилию коммуналӣ, газ ва хизматрасониҳои маишии вилояти Суғд баргузор гардид.

Дар ҷаласа масъалаҳо оид ба ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони хоҷагии манзилию коммуналӣ, газ ва хизматрасониҳои маишии вилояти Суғд дар семоҳаи якуми соли 2025, дар бораи қарзи музди меҳнат ва масъалаҳои ташкилӣ баррасӣ гардиданд.

Ҷаласаро раиси Кумита Қобилов Олимҷон Муҳаммадҷонович оғоз намуда, дар бораи ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони хоҷагии манзилию коммуналӣ, газ ва хизматрасониҳои маишии вилояти Суғд дар семоҳаи якуми соли 2025 ҳисобот дод.

Ҳамчунин дар ҷаласа Раҷабов Умедҷон Саидшоҳович - раиси  Кумитаи  иттифоқи касабаи кормандони хоҷагии манзилию коммуналӣ,  газӣ  ва хизматрасониҳои маишии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва баромад намуд.

Вобаста ба масъалаҳои баррасӣ гардида қарорҳои дахлдор қабул гардид.