БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КОРИИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБАИ ВИЛОЯТИ СУҒД
Субҳи имрўз дар толори Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд таҳти роҳбарии Раиси Шӯро Абдуллозода Шарифулло Бобоҷон бо иштироки кормандони масъули Шўро ва сарварони кумитаҳои соҳавии вилоятӣ ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба фаъолияти иттифоқҳои касаба, таъмини иҷрои қарорҳои Шўрои генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, аз ҷумла андешидани тадбирҳо оиди ба имзорасонӣ ва татбиқи шартномаҳои коллективӣ дар ташкилоту муассисаҳо, аз навбақайдгирии аъзоёни иттифоқи касаба, оиди вусъат бахшидан ба фаъолияти Комиссияи назоратӣ-тафтишотӣ, таъсиси ташкилотҳои иттифоқҳои касаба дар асоси принсипҳои соҳавию ҳудудӣ ва дигарҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Раиси Шўро аз масъулон ва раисони Кумитаҳои соҳавии вилоятӣ оиди иҷрои ҳадафҳои оинномавӣ, таъмини иҷрои санадҳои қабулнамудаи Шўрои генералӣ пурсишҳо ба амал овард
Дар назди сарварони кумитаҳои соҳавии вилоятӣ оиди таъсис додани махсани ягонаи электронӣ, ба роҳ мондани низоми молиявӣ мутобиқи қарори Шўрои генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон “Дар бораи сиёсати ягонаи молиявӣ дар Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон” №13/9 аз 15 январи соли 2016 ва 25/4 аз 26 январи соли 2018, гузариши ҳатмӣ ба пардохти ғайринақдии амалиётҳои молиявӣ, баргузор намудани машғулиятҳои навбатии мактаби захираи кадрҳо, ҳарчи бештар ҷалб намудани ҷавонон ба фаъолияти иттифоқи касаба ва дигар самтҳои фаъолияти иттифоқи касаба дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Таъкид гардид, ки бояд иҷрои сифатнок ва саривақтии қарорҳо ва дастурҳои Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистонро таъмин намуда, ва барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта масъулин вазифадор карда шуданд.
Тоҷикӣ
Русский
English 

