БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КОРӢ
Санаи 13 январи соли ҷорӣ дар толори Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд таҳти роҳбарии Раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Шарифулло Абдуллозода бо иштироки кормандони масъули Шӯро ва раисони кумитаҳои соҳавии вилоятӣ ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба тарғиб ва иҷрои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини иҷрои Протоколи маҷлиси Раёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июли соли 2025, №6, густариш додани фаъолияти нозирони ҳифзи меҳнат ва ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатӣ, андешидани тадбирҳо оиди бартарафсозии қарзи музди меҳнат, ташкили мактаби захираи кадрҳо ва ҷалби мутахассисони ҷавон ба сохторҳои иттифоқҳои касаба, дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани қабули муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ташаккули захираи кадрҳо, ташкили такмили ихтисоси кормандон, пешгирии шуғли ғайрирасмӣ, таҳкими интизоми иҷроия ва дигар масъалаҳои дахлдор мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Зимни ҷаласа раиси Шӯро вобаста ба масъалаҳои баррасишуда аз масъулин пурсишҳо ба амал оварда, ҷиҳати тақвияти фаъолият вобаста ба масъалаҳои баррасӣ гардида, иҷрои ҳатмии ҳадафҳои Оинномавӣ ва дастуру супоришҳои роҳбарияти Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон вазифагузорӣ намуд.
Тоҷикӣ
Русский
English 

