БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСА БО РОҲБАРОНИ КОРХОНАҲОИ САНОАТИИ ШАҲРИ ХУҶАНД
Субҳи имрӯз дар маҷлисгоҳи Раёсати андози вилоят таҳти роҳбари муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ, муовини якуми раиси шаҳри Хуҷанд Ғайбуллозода Хайрулло бо иштироки роҳбарон ва сармуҳосибони корхонаҳои саноатӣ ҷаласа баргузор гардид.
Дар ҷаласа, ки бо иштироки роҳбарони нозироти андоз, омор, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, иттифоқҳои касаба ва намояндаи прокуратураи вилоят баргузор гардид, оид ба фаъолияти иқтисодии корхонаҳои саноатӣ ва масъалаҳои марбут ба танзимдарории муносибатҳои меҳнатӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар вохӯрии мазкур ёрдамчии Прокурори вилоят оид ба назорати иҷрои қонунгузории андоз Назарзода Зафар Самад, сардори Раёсати андози вилоят Воҳидзода Абдуқаюм ва раиси Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти вилоят Абдуллозода Шарифулло Бобоҷон баромад намуданд.
Аз ҷумла Шарифулло Абдуллозода оиди рафти иҷрои санадҳои меъёрию ҳуқуқии ба танзимдарории муносибатҳои меҳнатӣ, пешгирии шуғли ғайрирасмӣ, таъмини иҷрои муқаррароти Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба уҳдадориҳои корфармо доир ба таъмини бехатарии меҳнат дар ҷои корӣ, ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар доираи шарикии иҷтимоӣ, тибқи муқаррароти боби 30 ва 31-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба таҳия ва баимзорасонии шартномаҳои коллективӣ ва таъмини иҷрои банди 28 -и нусха аз Протоколи маҷлиси Раёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июли соли 2025 №6 ва дигарҳо суханронӣ намуд.
Дар фарҷом муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ оид ба риояи санадҳои меъёрҳои ҳуқуқии муносибатҳои меҳнатӣ, зиёд намудани музди маоши кормандон, пешгирии шуғли бақайдгирифтанашуда (ғайрирасмӣ), дуруст ворид намудани ҳисоботҳои андоз, омору суғуртаи иҷтимоӣ, ташкил намудани ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касаба дар корхонаҳо новобаста аз шакли моликият ва ба расмиятдарории шартномаҳои коллективӣ вазифагузорӣ намуд.
Тоҷикӣ
Русский
English 

