Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Якшанбе, 15 фев. 2026
БАРГУЗОРИИ АКСИЯИ  "ПАЁМ - РОҲНАМО БА СӮИ ФАРДОИ ДУРАХШОН"

БАРГУЗОРИИ АКСИЯИ "ПАЁМ - РОҲНАМО БА СӮИ ФАРДОИ ДУРАХШОН"

Санаи 16 январи соли ҷорӣ бо мақсади дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Шӯрои ҷавонони Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят байни ҷомеа аксияи тарғиботӣ таҳти унвони "Паём-роҳнамо ба сўи фардои дурахшон" баргузор намуд. 

Зимни баргузории аксия ба сокинон ва аъзои иттифоқи касаба вобаста ба нуктаҳои асосии Паём, ки дар он самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон, нақшаҳои рушди устувори минбаъда ва тамоми самту соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат тарҳрезӣ гардидааст, маълумот дода шуда, ба намояндагони ташкилоту муассисаҳо ва шаҳрвандон маводи пурраи чопии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Дастурамал оид ба татбиқи Паёми Пешвои миллат тақсим карда шуд. 

Шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паём байни аъзои иттифоқи касаба ва шаҳрвандон бо маром идома дорад.