Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Ҷумъа, 24 янв. 2025
-4.4°C

Худжанд

БАРГУЗОРИИ АКСИЯИ  "ПАЁМ - РОҲНАМО БА СӮИ ФАРДОИ ДУРАХШОН"

БАРГУЗОРИИ АКСИЯИ "ПАЁМ - РОҲНАМО БА СӮИ ФАРДОИ ДУРАХШОН"

 Субҳи имрўз бо мақсади дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят байни ҷомеа аксияи тарғиботӣ таҳти унвони "Паём-роҳнамо ба сўи фардои дурахшон" баргузор намуд. 

Зимни баргузории аксия ба сокинон ва аъзои иттифоқи касаба вобаста ба нуктаҳои асосии Паём, ки дар он самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон, нақшаҳои рушди устувори минбаъда ва тамоми самту соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат тарҳрезӣ гардидааст, маълумот дода шуда, ба намояндагони ташкилоту муассисаҳо ва шаҳрвандон маводи пурраи чопии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақсим карда шуд. 

Шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паём байни аъзои иттифоқи касаба ва шаҳрвандон бомаром идома дорад.