Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Ҷумъа, 14 фев. 2025
2.6°C

Худжанд

АЗ ТАЪРИХИ ШӮРОИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБАИ ВИЛОЯТИ СУҒД (Идома)

АЗ ТАЪРИХИ ШӮРОИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБАИ ВИЛОЯТИ СУҒД (Идома)

Иттифоқҳои касабаи вилоят ҳамчун ҳамкори содиқ дар таъмини пешрафти иқтисодиву иҷтимоии кишвар, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, амалӣ гардидани мақсаду маром ва татбиқи нақшаҳои созандагию бунёдкорӣ, иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми шоиста дорад.

Иттифоқҳои касаба ташкилоти ҷамъиятии ихтиёрии меҳнаткашон буда дар асоси Оиннома ва Қонунҳои худ аҳли ҷомеаи меҳнатиро муттаҳид сохта барои ҳимоя ва ҳифзи манфиатҳо ва ҳуқуқҳои меҳнатӣ, иҷтимоию иқтисодии онҳо хизмат мекунад. Иттифоқҳои касаба дар ҳамаи солҳои ташаккулёбиаш, хусусан дар солҳои таърихи навини тоҷикон - Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз шароитҳои сиёсию иқтисодӣ фаъолияти худро пеш мебарад.

Аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Иттифоқҳои касаба дар партави ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти худро ба талаботи замон мутобиқ сохта, барои дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатӣ оид ба ҳифзи меҳнат, таъминоти иҷтимоӣ ва суғурта, назорати ҷамъиятии риояи қонунгузорӣ оид ба меҳнат, иҷрои созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ, таълим ва такмили ихтисоси кадрҳои иттифоқи касаба тадбирҳои мушаххас андешида истодааст.

Дар асоси сохтори Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд шуъбаҳои зерин: Шуъбаи ташкилӣ, кор бо кадрҳо ва коргузорӣ, Шуъбаи ҳуқуқ, Шуъбаи ҳифзи меҳнат, Шуъбаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, робита бо ҷомеа ва муносибатҳои байналмилалӣ ва Шуъбаи молия ва хоҷагидорӣ фаъолият мебаранд.

Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд имрўз 12 кумитаҳои соҳавии вилоятиро бо зиёда аз 2800 ташкилотҳои ибтидоии иттифоқҳои касаба ва зиёда аз 220000 нафар аъзоён муттаҳид менамояд.

Иттифоқҳои касаба ҷашнҳои ба худ хосро дорад, аз ҷумла:

ҶАШНҲОИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА

-15 апрел-Рузи таъсисёбии Иттифоқҳои касаба

-28 апрел- Рўзи умумиҷаҳонии ҳифзи меҳнат

-1 Май –Рўзи байналмилалии якдилии меҳнаткашон

-1 сентябр –Рўзи амалиёти иттифоқи касаба барои сулҳ

-24 октябр -Рўзи иттифоқҳои касаба

ИДИ СОҲАҲО 

-7 Май- Рўзи кормандони соҳаи алоқа

-Якшанбеи охири моҳи май-Рўзи кормандони соҳаи кимиё

-Якшанбеи якуми моҳи июн-Рўзи кормандони соҳаи савдо, хизмати маишӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ

-Якшанбеи дуюми моҳи июн-Рўзи кормандони соҳаи саноати сабук

-Якшанбеи сеюми моҳи июл-Рўзи кормандони соҳаи металлургӣ

-25 июл-Рўзи кормандони соҳаи нақлиёт

-Якшанбеи дуюми моҳи август-Рўзи кормандони соҳаи сохтмон

-18 август-Рўзи кормандони соҳаи тиб

-Якшанбеи дуюми моҳи сентябр -Рўзи роҳсозон

-Якшанбеи якуми моҳи октябр-Рўзи омўзгорон

-15 октябр – Иди меҳргон ва рўзи кормандони соҳаи кишрварзӣ