Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Ҷумъа, 14 фев. 2025
2.6°C

Худжанд

АЗ ТАЪРИХИ РӮЗНОМАИ   “КОШОНАИ УМЕД”

АЗ ТАЪРИХИ РӮЗНОМАИ  “КОШОНАИ УМЕД”

 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд кардаанд: «Имрўз беш аз пеш маълум мегардад, ки нақши воситаҳои ахбори омма дар ҳаёти ҷомеаи муосир чӣ гуна бузург аст.

Дар ҳақиқат матбуот ва воситаҳои ахбори омма ба ташаккули афкори ҷомеа таъсири муқтадир ва муассир мерасонанд».......

Дар ин росто рўзномаи “Кошонаи умед”-ро метавон қайд кард, ки чун таҷассумгари ҳаёти иттифоқҳои касаба, оинаи рўзгори ҷомеа хизмати шоистаро соҳиб аст. Нашрияи Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд меваи ширини соҳибистиқлолии кишвар мебошад, ки ба арзи ҳастияш зиёда аз 20 сол пур шуд.

Бо назардошти зарурияти нашрия дар ҳаёти иттифоқҳои касаба, нақши он дар таъмини болоравии ҳаракати иттифоқҳои касаба, инъикоси мавқеи ташкилотҳои ибтидоии иттифоқҳои касаба дар ҳаёти ҷомеаҳои меҳнатӣ, дар асоси банди 12 қарори конференсияи ХVI байнииттифоқии иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд аз 28 феврали соли 2001, рӯзномаи вилоятии иттифоқҳои касаба «Кошонаи умед» таъсис дода шуд буд. 

Давоми солҳои фаъолият “Кошонаи умед” ба рўзномаи маҳбуби кормандон, фаъолон ва кулли аъзои иттифоқи касабаи вилоят, хонандагони арҷманди худ табдил ёфт. 23 соли фаъолият гарчанде муддати тўлонӣ дар таърих нест, вале роҳи баргузидаи рӯзнома, мавқеи ишғолкардааш дар ин муддат ба қалбҳо умед мебахшад, ки ба ҳаридаи воқеан ҳам ҳимояткунандаи манфиатҳои мардум мубаддал гардад.

Аввалин шумораи рўзномаи “Кошонаи умед” 30-юми майи соли 2001 ба дасти хонандагон расид, ки онро бо хушнудӣ истиқбол намуданд. Чопи аввалини рўзномаро собиқ Раиси вилояти Суғд Қосим Қосимов ва шахсони барӯманди вилоят табрик гуфта, баҳри инъикоси воқеӣ ва ҳаматарафаи паҳлўҳои иттифоқҳои касаба ва кормандонаш барори кор хостанд.

Султонбой Юсуфзод, ки худ рўзноманигори собиқаи зиёди корӣ дошта ва дар Федератсияи (Шўрои) иттифоқҳои касабаи вилоят фаъолият дошт, нахустин муҳаррири рўзнома таъин шуд. Аз шумораҳои аввалин мақсад гузошта шуда буд, ки “Кошонаи умед” минбари арзандаи ифодаи армони мардуми меҳнаткаш гардад. Қаламкашони зиёде ба рўзнома ҷалб шуда буданд ва бо сарварии сармуҳаррири онвақта Султонбой Юсуфзод (руҳашон шод бод!) ҳайати таҳририяро созмон дода, барои бетаъхир ва хушсифат чоп шудани он кўшиш ба харҷ медоданд.

Соли 2001-ум чопи рўзнома дар маркази компутарии “Нилуфар” ба роҳ монда шуда, бо теъдоди 100 нусха аз чоп баромад. Дар 23 соли давраи Истиқлолияти комили кишвар рўзнома бо ҷилои тозаву андешаҳои созгор, дар инъикоси воқеъбинонаи ҳайати ҷомеа, сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши барҷаста дорад.

Аҳли қалами рўзнома талош меварзанд, ки қарорҳои қабулкардаи Шӯрои Генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Раёсати Шўрои иттифоқҳои касабаи вилоят, кумитаҳои вилоятии соҳавӣ дар ташкилотҳои ибтидоӣ татбиқи худро ёбанду нисбат ба ҳимояи ҳифзи манфиатҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ-иқтисодии меҳнаткашон қадре бошад ҳам, “Кошонаи умед” ҳиссагузор шавад. 

Кормандони рӯзнома кўшиш менамоянд, ки маводҳои рўзнома бо талошу масъалагузориҳо ба табъ расида бошанду пайи ислоҳи камбудиҳо ва ҳаллу фасли мушкилиҳои ҷомеаи меҳнатӣ мадад расонанд.

Ҳамчунин, кормандони рўзнома бо тамоми кумитаҳои соҳавии вилоятӣ, Шўроҳои ҳамоҳангсозии иттифоқҳои касабаи шаҳру ноҳияҳо ва ташкилотҳои ибтидоӣ ҳамкории қавӣ дошта, зери рубрикаҳои “Аз ҳаёти кумитаҳои вилоятии соҳавӣ”,“Аз фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ” ва “Аз рўзгори собиқадорон” аз кору фаъолияти онҳо дар ҳар шумора маводҳо таҳия менамоянд.

Ҳамкорӣ бо нашрияи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон “Ҳамраъйӣ” зич ба роҳ монда, дар ҳар шумораи он маводҳо оид ба фаъолияти иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд чоп мегардад.

Рӯзнома дар солҳои фаъолияташ рисолаи касбиаш–инъикоси воқеъбинонаи меҳнаткашонро ба шоистагӣ ба анҷом мерасонад.

Дар солҳои мавҷудияташ вазифаи сармуҳарририро Султонбой Юсуфзод, Маъсуда Оқилова ба ҷо овардаанд. Боиси зикр ва сарфарозист, ки имрӯз рӯзнома таҳти сарпарастии бевоситаи Раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд муҳтарам Абдуллозода Шарифулло Бобоҷон фаъолияти пурсамар дорад ва ҳамарӯза аз таваҷҷӯҳу ғамхориҳои муҳтарам раис бархурдор аст. 

Рўзнома аз давраи таъсисёбӣ ҳар моҳ чоп шуда, дар саҳифаҳояш асосан ҳаёти иттифоқҳои касабаи вилоят инъикос мегардад. Теъдоди чопи рўзнома аз 100 то ба 4000 нусха расонида шуд.

Бо боварӣ қайд кардан лозим аст, ки дар тўли ин солҳо рӯзнома дар ҳақиқат минбари инъикоскунандаи ҳаёт ва самтҳои серпаҳлўи фаъолияти иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд буд. Он мақсаду нақшаҳое, ки дар Низомномаи «Кошонаи умед» дарҷ гардида буд, ҷомаи амал пўшиданд.

Ҳадаф ва вазифаи асосии рўзномаи «Кошонаи умед» мусоидат ва рушди иттифоқҳои касаба дар Тољикистон ва пешнињоди роҳҳои ҳалли мушкилот бо риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нашри маводҳо доир ба фаъолияти Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд ва Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Имрўз саодати бузург ва шарафи бепоён моро низ насиб гардида, ки аз қадамҷойи бузургон баҳравар гардем. Ин рисолат моро водор месозад, ки шаҳодати ин даргоҳ ва нуфузи рўзнома ҳифз ва гиромӣ дошта шавад ва ҳамин гуна ба дасти насли дигар манзур гардад. Дар ин ҷода тавону қудрат ва донишу маҳоратро бо масъулияти баланди касбӣ масраф хоҳем дошт.

 

Хонандагони гиромӣ! 

Шумо метавонед маводҳои худро ба суроғаи зерин ирсол намоед:

koshonaiumed01mail.ru     

тел: +992 3422 6-77-52