Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Ҷумъа, 14 фев. 2025
2.6°C

Худжанд

Аз таърихи Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони хоҷагии манзилию коммуналӣ, газ ва хизматрасониҳои маишии вилояти Суғд

Аз таърихи Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони хоҷагии манзилию коммуналӣ, газ ва хизматрасониҳои маишии вилояти Суғд

Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони хоҷагии манзилию коммуналӣ, газ ва хизматрасониҳои маишии вилояти Суғд бори нахуст дар вилояти (Ленинобод) ҳозира Суғд соли 1972 таъсис дода шудааст.

Дар ҳамон давра номи кумита «Областной комитет профсоюза работников местной промышленности и коммунально-бытовых предприятий» буд.

 Нахустин вазифаи раиси кумитаи иттифоқи касабаи соҳаро соли 1972 Кунсевич Сергей Николаевич дар ўҳда доштааст. Худи ҳамон сол ба вазифаи раиси кумитаи соҳавӣ Ахмедова Темирой Ахмедовна интихоб гардида, тўли 12 сол то соли 1984 бо муваффақият фаъолият намудааст.

 Соли 1984 ба вазифаи раиси кумитаи иттифоқи касабаи соҳа, Солиева Зулфия Маҳмудовна интихоб гардида, ў то соли 2012 фаъолият намудааст. 

09 ноябри соли 2012 дар Конференсияи 12-ми кумитаи иттифоқи касабаи кормандони саноати маҳаллӣ, хоҷагии манзилӣ-коммуналӣ, газӣ ва ҳизмати маишии вилояти Суғд Қобилов Олим Мамадҷонович, ба вазифаи раиси кумитаи соҳавӣ интихоб гардида, то ҳол фаъолияти кумитаро ба пеш бурда истодааст.

 Дар давраи фаъолияти Ахмедова Т.А. дар ҳайати кумитаи соҳавии вилоят зиёда аз 130 адад ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касабаи корхонаҳои соҳа муттаҳид буданд, ки дар онҳо сафи аъзоёни иттифоқи касаба зиёда аз 35 ҳазор нафарро ташкил менамуданд.

 Ташкилотҳои калонтарини соҳа - иттиҳодияҳои вилоятӣ (Облбытуправления) - зиёда аз ҳашт ҳазор аъзо, (Облжилкомхоз) - панҷ ҳазор аъзо, Корхонаи «Швеймеспром-2»-и (иттиҳодияи дўзандагӣ)-и ш.Конибодом зиёда аз панҷ ҳазор аъзо, Корхонаи рўймолҳои пашмини (Платочная фабрика) ш.Хуҷанд зиёда аз 1200 аъзо, корхонаҳои газтаъминкунӣ зиёда аз чор ҳазор аъзо ва дигар корхонаҳои гуногун ба мисоли Ремстройтрест, МБТИ, ДПО ва ғайра буданд, ки ҷамъ зиёда аз 35 ҳазор нафар аъзоёни иттифоқи касабаро муттаҳид менамуданд. 

 Дар ҳайати кумита 4 адад ташкилотҳои шаҳрии иттифоқи касабаи шаҳрҳои Конибодом, Исфара, Истаравшан ва Панҷакент фаъолият доштанд.

 Солҳои 1972-1977 вазифаи раиси кумитаи иттифоқи касабаи соҳавии шаҳри Исфара-ро Гулафзо Савриддинова иҷро намудааст.

 Дар шаҳри Панҷакент раиси кумитаи иттифоқи касабаи соҳавиро дар солҳои 1984-1990 Комилов Каримҷон иҷро менамудааст.

Дар 12 адад корхонаҳо раисони (маошгиранда)-и озоди ташкилотҳои иттифоқи касаба мавҷуд буданд.  

Айни замон раиси Кумитаро Қобилов Олимҷон Муҳаммадҷонович ба уҳда дошта, 71 адад ташкилоту ибтидоии иттифоқи касабаи соҳаро бо 4107 нафар аъзоён муттаҳид менамояд.

Дар гузашта аз байни кормандони корхонаҳои соҳа бисёр шахсиятҳои бузург, ходимони намоёни сиёсии давлалатӣ ва ҷамъиятӣ ба мисоли Бибихон Азизова, Гулафзо Савриддинова, Тўраев Сайфиддин Тўраевич, Хошимов Абдуллоҷон, Бобоев Шавкат Бобоевич ва дигарон ба воя расида, барои халқи Тоҷикистон хизматҳои шоён намудаанд.